Маҳфили «Хандарез» бо ширкати “Шакарханд”

Маҳфили аввалини “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати гуруҳи ҳунарии “Шакарханд” баргузор шуд. Соате аз ҳаҷвҳои намакину мутоибаи дилнишини гуруҳ ширкаткунандагон ба олам ханда рафтанд.
Хеле як маҳфили дилпазире буд.  Барандаи маҳфил Раҳматуллоҳи Раҳим сараввал меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, баъдан, риштаи суханро ба меҳмонон, ба ҳунармандон дод.
Дар оғоз суҳбате ҷараён гирифт, ки меҳмононро водор кард, то аз зиндагиномаи худ нақл кунанд, роҳҳои расидан ба минбари ҳунарро бигӯянд. Барои ширкаткунандагон донистани зиндагиномаи ҳунармандони дӯстдоштаашон хеле ҷолиб буд.
Дар бахши дуюми маҳфил саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ намоиш дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин маҳфил буда, дар назар аст, моҳе як маротиба бо ширкати ҳаҷвнигорони шинохтаи кишвар доир гардад.