Ба инҳо эҳтиром бояд қоил шуд...

Дар бораи ин афрод бояд навишт. Ҳаддиақал мо чунин фикр мекунем. Инҳо касоне ҳастанд, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷисмонӣ равони пок ва қалби пуртапиш доранд.
Инҳо, ки аз қисмат бо нуқси модарзодӣ ба дунё омадаанд ва ё дар тӯли зиндагӣ бар асари ин ё он беморӣ, иштибоҳи табибон ё садамаҳо аз ин ё он узви бадан маҳрум шудаанд, боз ҳам дилгарманд ва ба ояндаи нек бовар доранд.
Ин афрод мисли дигарон издивоҷ мекунанд, хона обод мекунанд, фарзандон ба дунё меоранд. 
Онҳо касб меомӯзанд, дар донишгоҳҳову донишкадаҳо таҳсил мекунанд, то бори сангини зиндагиро худ кашанд, на ин ки муҳтоҷи дигаре бошанд. Аз ин рӯ аксари ишон афроди соҳибҳунаранд. Яке дӯзандаву чевари моҳир, дигар пазандаи дӯстдоштанӣ ва сеюмӣ ҳунармандест, ки ҳунарашро эътироф мекунанд ва эҳтиром қоиланд.
Ва инҳо боз вақт меёбанд, ки ба Китобхонаи миллӣ оянд, китоб мутолиа менамоянд, бо компутерҳо сару кор мегиранд ва барои худ дошнишҳои иловагӣ, маълумоти зарурӣ меҷӯёнд ва пайдо мекунанд. Дар маҳфилҳо ширкат мекунанд, аз эҷодиёти худ мехонанд, дигаронро гӯш мекунанд, баҳс мекунанд ва аз баҳсҳо низ дониш меомӯзанд.
Яъне, инҳо ҳамеша дар талошанд, дар талоши омӯзиш ва зиндагӣ, дар талоши беҳтар кардани ҳаёти худ, афзудан ба дониш ва малакаи худ.
Ва мо зумрае аз ин афродро хонандагони фаъол ва ҳунарманди худ медонем. Ин буд, ки хостем хеле мухтасар аз сарнавишти онҳо ҳикоят кунем.

Мусаввара Амонова

Мусаввара Амонова 27-уми марти соли 1964 дар ноҳияи Рудакӣ, дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Соли 1981  мактаби миёнаи № 72-и ноҳияро хатм намудааст.
Соли 1990 ба Омўзишгоҳи баҳисобгирии ноҳия дохил шуда, соли 1992 онро ба итмом расонидааст. Аз соли 1995 то инҷониб ба дўхтани  тоқиҳои зардўзӣ ва заминдузӣ машғул аст.
Оиладор, соҳиби се нафар фарзанд. Ҳар се духтаронаш низ бо ҳунари дузандагӣ машғуланд.
Мусаввара Амонова аз 5-уми феврали  соли  2015  ба Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ омадурафт дорад ва қариб дар ҳама маҳфилҳои он ширкат мекунад.

Маҳфуза Ниёзалиева

Ниёзалиева Маҳфуза Саидовна 16 – уми ноябри соли 1987 дар оилаи коргар ба дунё омада, ҷои истиқомат шаҳри Турсунзода, ҷамоати Навобод, деҳаи Сангқалъа аст.
Дар муассиса барои маюбону барҷомондагон шароити хуб муҳайё буд. Дар он ҷо бо баҳои хубу аъло хонда, мактаби миёнаро хатм кардааст. Баъдан ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 – и шаҳри  Турсунзода рафта, баъди таҳсил соҳиби шаҳодатнома шудааст.
Соли 2006 ба факултаи забони инглисии Донишоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, соли  2011 онро бо мувофақият хатм намуд.
Аз соли 2011 то 2013 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №110 – и шаҳри Турсунзода ҳамчун омўзгори фанни забони инглисӣ кор кард. Аз соли 2013 то ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 – и ноҳияи Исмоили Сомонӣ омўзгори фанни забони инглисӣ мебошад.
Ба омўхтани забонҳо машғул аст.  Мехоҳад забони туркиро омўзад. Дар вақти фориғ аз кор шеър эчод мекунад ва ҳунари бофандагӣ  дорад.
Маҳфуза Ниёзалиева бори аввал 16–уми октябри  соли  2015  ба Китобхонаи миллӣ омад ва аъзои Шуъбаи хизматрасонии махсус шуд. Аз ҷумлаи фаъолони маҳфилҳои шуъба мебошад.

Гурез Разоқов

Гурез Разоқов 13-уми июли соли 2001 дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз соли 2009 то ба инчониб дар Мактаб-интернати № 1 таҳсил дорад.
Аз ҷумлаи ҷавонтарин узви Шуъба мебошад, ки 17 майи  соли   2016  ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудааст.
Гурез Разоқов ҳунарманди хубест, вай ҳар гуна сабатчаҳо месозад ва расмҳои хеле ҷолиб мекашад. 
Вай ҳамчунин дар ҳамаи чорабиниҳои Шуъба фаъолона ширкат мекунад ва аз хонандагони хуби мост.

Маҳбуба Маҳмудова

Маҳбуба Маҳмудова 30-уми июли соли 1990 дар ноҳияи Ёвон дида ба олам кушодааст. Дар мактаби миёнаи № 48 таҳсил намуда, баъд аз хатми он ба Литсей-интернати махсуси № 1-и шаҳри Душанбе таҳсили худро давом додааст.
Пас аз хатми литсей  соли 2010 дар маркази таълимии махсуси калонсолони ноҳияи Ёвон касби дӯзандагӣ омӯхтаву соҳиби шаҳодатнома шудааст.
Маҳсули дастони Маҳбуба Маҳмудова аз либосҳои кудаконаи бофташуда ва пероҳани шинами гуногун иборатанд. 
Маҳбуба Маҳмудова  аз  4–уми ноябри  соли  2016  аъзои Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ шуд ва ҳоло аз фаъолтарин узви он аст.

Барно Рустамова

Барно Рустамова соли 1991 дар шаҳри Душанбе таввалуд шудааст. Соли 2012 ба мактаби касбии маъюбони шаҳри Душанбе ба таҳсил оғоз намуда, соли 2016 онро хатм намуд.
Соли 2014 ба ба факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил шуда, айни ҳол донишҷӯи соли сеюми он мебошад.
Азбаски бо баҳои аъло таҳсил мекунад, аз гирандагони стипендияи баҳои аълост.
Барно ҳамчунин дӯзандаи хуб аст ва чанд сол аст, ки соатҳои фориғ аз таҳсил дӯзандагӣ низ мекунад.
Аз ҷумлаи хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус буда, дар чорабиниҳое, ки дар шуъба шуда мегузаранд, ҳамеша ширкат мекунад. 
Имсол панҷумин сол аст, ки Барно узви Китобхонаи миллист.