Мулоқот бо маъюбони ҳунарманд дар Шуъбаи хизматрасонии махсус
Нашр шуд 2017-06-24 11:58
Дар остонаи иди маъюбон, ки ҳар сол 8-уми июл таҷлил мешавад, Шуъбаи хизматрасонии махсус хонандагони фаъоли худ аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдудро гирди як мизи мудаввар хонд, то бо ишон суҳбати самимию дилнишине дошта бошад.
Аксари касоне, ки ҷамъ омаданд ҳунармандоне буданд. Яке бофандаи хуб, дигари дӯзанда, сеюмӣ зардӯз, чорумӣ шоир ё нависанд ва ё таронасароест, ки сурудҳои мақбул мехонад.
Мавзунҷони Ғафурзод касест, ки ҳунари бофандагӣ бо истифода аз риштаҳои рангорангро дорад. Мавзунҷони нобино рангҳоро хуб ташхис мекунад ва як дарахти гуле, ки дар толори хониши шуъба гузошта шудааст, маҳсули ҳунари дастони ӯст.
Мусаввара Амонова ва Солеҳа Ғафурова аз ширкаткунандагони басо фаъоли маҳфили “Дастони моҳир” мебошанд. Аз онҳо чанд тоқии зардӯзишуда барои арӯсон, куртаҳои чакан, ҷӯробҳои зебо дорем, ки бахше аз онҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Он рӯз варзишкорон ҳам ҷамъ омада буданд. Аз ҷумла, Раҳматулло Алифов, Рухшона Назарова, Дилрабо Турдиева, Шукруллои Файзулло ва Ҳотам Назаров варзишгароне дар риштаҳои мухталиф мебошанд, ки дар мусобиқоти дохили кишвар ва хориҷ аз он ширкат кардаву соҳиби ҷоизаву мақомҳо гаштаанд.