Аввалин намоиши китоб ба ифтихори рӯзи Ғалаба

Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ ба пешвози Рӯзи Ғалаба намоиши китоб ташкил кард.
Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон бештар аз 40 номгӯй китоб аз захираҳои китобхона, ки солҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ чоп шудаанд, ба намоиш гузоштааст.
Дар миёни ин китобҳо повесту романҳои Константин Симонов «Как военной писатель», К. Симонов «Живые и мертвые” “Солдатами не рождаются», А. Генатулин «Вот кончится война», Абдулло Ҳабибов ва Раҷаби Мирзо  «Аскарони Ғалаба», Ф. Қараев, Ф. Аминов  «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», “Китоби хотира (1941-1945)”, Сафар Раҳмон «Ҳазору як корнома», Фотеҳ Ниёзӣ «Сарбозони бесилоҳ»,  В. Яковенко «Шербачаҳои партизан», З. Воҳидов «Иди Зафар», А. Чаковский «Муҳосира», Меҳмон Бахтӣ «Рўҳи тавоно» ва ғайраро метавон дид.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳар сол дар остонаи Ҷашни Ғалаба қариб ҳамаи шуъбаву ниҳодҳои Китобхонаи миллӣ чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, дидору мулоқот бо иштрпокдорони ҷанг, хонаводаҳои онҳо, адибони ҷангноманавис баргузор мекунанд.