Накҳати баҳории аввалин намоиши китоби наврӯзӣ дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз бо талоши Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ аввалин намоиши китоби наврӯзӣ дар фазои ин боргоҳи маърифат атри хуши Наврӯз пошид.
Номгӯи беш аз 50 китоби наврӯзӣ ҳадя ба алоқамандони толори хониш барои маъюбон шуд. Ҳар касе мехоҳад дар бораи оини Наврӯз, сайри таърихии он, шуъаро дар бораи Наврӯз ва ғайра ошноӣ пайдо кунад, саре ба ин толор, воқеъ дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ занад ва аз намоиши силсилакитобҳои наврӯзӣ ташнагии маънавӣ бишканад.
Дар ин намоиш қатори даҳҳо китоб навиштаи Рӯзӣ Аҳмад бо номи “ Маросимҳои  мавсими  тоҷикони Осиёи Миёна”-ро метавон пайдо кард, ки аслан рисолаест аз хулосаи пажуҳишҳои чандсолаи олими тоҷик. Муаллиф кӯшидааст тавассути ин рисола хонандагонро бо беҳтарин суннатҳои қадимии Наврӯз ошно созад.
Ҳамчунин китоби Ризо Шайбонӣ бо номи “Одоб ва русуми Наврўз”-ро метавон дар рафи намоиш пайдо кард, ки ин ҷашни ниёконро аз замонҳои қадим, ҳатто аз қарнҳое, ки оини зардуштӣ дар қаламрави форсигӯён ҳукмфармоӣ дошт, то замони мо ба риштаи тасвир кашидааст.
Китоби “Атри Наврӯз”-и Раҷаби Мусалмониён, ки дарбаргирандаи маҷмуъи шеърҳои наврӯзист, низ дар ин намоиш пайдо мешавад. Аз ин китоб хонанда метавонад беҳтарин шеърҳо ва қитъаҳои наврӯзиро барои ёддошт интихоб кунад.
Китоби донишманди тоҷик Муҳаммадқул  Ҳазратқулов “Наврўзи  оламафрўз  ва дигар  идҳои  суннатии  сол” як пажуҳиши арзишмандест, ки омилҳои пайдоиши Наврӯзро таҳлил мекунад.
Ва боз хонанда метавонад аз ин намоиши китоб бо навиштаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ “Гули афшони олуча”  ва чандин китобҳои дигар ошно шавад.
Дари намоиши китобҳои наврӯзӣ ҳамарӯза аз субҳ то шом боз аст.