Асари рассоми тоҷик дар Ню-Йорк бо медали “Уқоби тилло” қадр шуд
Асари рассоми шинохтаи тоҷик, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Зокир Собиров “Бародари ман” дар Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои зебои шаҳри Ню-Йорки ИМА соҳиби медали “Уқоби тилло” шуд.
Намоишгоҳро созмони “Реализми Ню-Йорк”, ки дар шаҳри Ню-Йорк мустақар аст, ташкил кардааст. Дар ин бора сомонаи озмун http://newyorkrealism.tripod.com бо овардани расми асари рассом эълон кард. Дар хабар гуфта мешавад, ки аз ҷумлаи ширкаткунандагон се нафар: Владимир Васкин (Русия), Ренат Елубоев (Қазоқистон) ва Зокир Собиров аз Тоҷикистон соҳиби медали “Уқоби тилло” шудаанд.
“Реализми Ню-Йорк” як созмонест, ки ва ҳадафи он ҳимояи ҳунармандони хуби маҳаллӣ ва байналмилалист. Ин ҳимояҳо метавонанд шаклҳои мухталиф дошта бошанд. Ва яке аз ин шаклҳо роҳандозии намоишҳои асарҳои хуб ҷиҳати муаррифӣ ба оламиён аст.
Зокир Собиров 64-сол дошта, соли 1976 донишкадаи театр, мусиқӣ ва киноматографияи шаҳри Ленинград (Санк-Питербурги имрӯза)-ро хатм карда, аз шогирдони профессор Д.Афанасев маҳсуб мешавад.
Солҳои 1976-1992 рассоми басаҳнагузоранда ва технолог дар театри давлатии академии опера ва балетаи ба номи устод Айнӣ буд.
Узви Иттиҳодияи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд.
Солҳои 1981-1983 ба Алҷазоир сафари эҷодӣ дошт.
Баъди бозгашт аз соли 1983 то 1992 дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ кор кард. Муддати ду сол дар Хазинаи бадеии шаҳри Душанбе фаъолият намуд. Аз соли 1997 то соли 2006 рассоми озод буд.
Дар жанрҳои театрӣ, наққошии монументалӣ, ҳунарҳои корбурдӣ, графика, костюм фаъолият мекунад.
Зокир Собиров аз ҷумлаи чеҳраҳои матраҳ дар олами рассомии кишвар аст Бо асарҳои худ борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат кардаву шоистаи арзёбиҳои хуб аз ҷониби мунаққидон ва мутасаддиёни озмун шудааст. Ҳамчунин асарҳояш гӯшаҳоеро дар бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалӣ оро додаанд. Аз ҷумла дар намоишгоҳи “Манеж”-и Маскав, Осорхонаи театрии ба номи В.Бахрушина, дар намоишгоҳҳои кишварҳое чун Белорус, Алҷазоир, Испания, Италия, Ҳинд ва чанд кишвраи дигар асарҳои гуногуни рассом гузошта шудаанд.
Зокир Собиров асосгузори равияи Параллелизм аст, ки то имрӯз пайравони хеле кам дар олам дорад.
Аз рӯзи аввали ифтитоҳ то ба ин дам дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси рассом кор мекунад.
Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ аз комёбии корманди худ шод аст ва барои ин музаффарият ӯро муборакбод мекунад ва барояш комёбиҳои аз ин беҳтару арзишмандро таманно дорад.