Мероси хаттии Камоли Хуҷандӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Нусхаи хаттии дигаре, ки дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳдорӣ мешавад, «Маҷмӯаи девон» мебошад, ки девони шуарои давраҳои гуногунро фаро гирифтааст. Дар дохили ин асар аз ҷумла «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби хаттоти зарринқалам Муҳаммадамини Ҳаким валади Баён Муҳаммад соли 1311 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1912 китобат шудааст, мутаасифона ҷойи китобати он зикр нашудааст.

Нусхаҳои қаламӣ ва сарчашмаҳои нодири осори ниёгон сарвати бебаҳо, бойгарии маънавӣ, ифодакунандаи рӯҳи замон ва муайянкунадаи сатҳи фарҳангиву илмии аҷдодони гузаштагон ба шумор мераванд.

Дар ин мақолаи кӯчаки худ хостем оид ба рӯзгори шоири ширинбаён, яке аз ахтарони тобони адабиёти форсу тоҷики асри ХIV Шайх Камоли Хуҷандӣ ва нусхаҳои қаламии ҳифзшудаи ӯ дар Китобхонаи миллӣ мухтасар сухан ронем.

Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз махзанҳои ҳифзкунандаи мероси хаттии осори нависандагону шоирон ва олимони Шарқ ба ҳисоб меравад. Дар байни дастнависҳо ва сарчашмаҳои таърихие, ки то ба ҳол дар фонди мазкур ҷамъоварӣ шуда, ҳифз мешаванд, девони Шайх Камоли Хуҷандӣ мақоми хосса дорад, ки он чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад.

Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Даврони бачагии ӯ дар зодгоҳаш гузашта, маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо меомӯзад ва баъдан таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош идома медиҳад.

Камол дар ҳузури устодон аз кутуби машҳури «Мифтоҳ»-и Саккокӣ, «Ал-Кашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Шайх Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд. Ӯ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез маскан намуда, дубора ба зодгоҳаш барнагашт. Шайх Камол дар Табрез зиндагии ороме ёфта, вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузаронидааст.

Бояд қайд намуд, ки бо дастури Султон Увайс барои шоири ширинбаён дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва бӯстонсарое сохта шуд, ки ин хонақоҳ минбаъд маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.

Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр маскан нумад. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурда, ниҳоят дубора ба Табрез баргашт. Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар шаҳри Табрез даргузашт ва дар бӯстонсарояш ба хок супорда шудаст.

Нусхаи хаттии «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз 274 саҳифа иборат мебошад, ки санаву ҷойи китобат ва номи котиб ба мо маълум нест. Матни ин асар ба забони форсӣ – тоҷикӣ дар ду сутун навишта шудааст. Муттаасифона аввалу охири ин асар нобуд шудаанд ва таҳти рақами 728 дар махзан нигоҳдорӣ мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки нусхаи хаттии дигаре, ки дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳдорӣ мешавад, «Маҷмӯаи девон» мебошад, ки девони шуарои давраҳои гуногунро фаро гирифтааст. Дар дохили ин асар аз ҷумла «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби хаттоти зарринқалам Муҳаммадамини Ҳаким валади Баён Муҳаммад соли 1311 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1912 китобат шудааст, мутаасифона ҷойи китобати он зикр нашудааст.

 Ин асар комил буда, аз саҳифаи 324 то 490-ум «Девон»-и Камоли Хуҷандиро дар бар мегирад. Асари мазкур бо хати насталиқи хоно дар ду сутун навишта шуда, атрофи матн бо зарҳал ҷадвалкашӣ шудааст. Девони мазкур таҳти рақами 1052 нигоҳдорӣ мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар баъзе аз нусхаҳои хаттии баёзҳо низ байту ғазалҳои Камол низ китобат шудаанд.

Хулоса, тамоми осори пурбори Камоли Хуҷандӣ маҳз тавассути чунин нусхаҳои хаттӣ ба дасти мо омада расидаанд ва имрӯз аз ҷониби муҳақиқон ва пажӯҳишгарони Камолшинос ашъори ӯ бо хатти кирилӣ баргардон шуда, дастраси ҳаводорону хонандагони тоҷик қарор гирифтааст.

Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шар
қ ва китобҳои нодир
Раҷабал
ӣ ДОДИХУДОЕВ

Барчаспҳо: