Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони “Зан ва сиёсат” чорабинии сиёсӣ-омавӣ баргузор шуд. Салима Раҷабова-муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони ифтитоҳи худ аз барномаҳои давлатии пуштибонӣ аз оила сухан ронд ва гуфт, ки Ҳукумати кишвар ва бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди оила солим ва рифоҳу хушбахтии оила дар ҷомеа диққати махсус медиҳанд.
Раънохон Бобоҷониён - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти пурсамари занон дар сафи роҳбарии ҲХДТ маърӯза намуд. Вай гуфт, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон занон баробар ба мардон дар корҳои сиёсӣ ҷалб мешаванд ва аксари бонувони тоҷик аз уҳдаи вазифаҳои худ дар сохторҳои идории кишвар мебароянд. Ноиби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи барномаҳои созандаи ҳизб барои ҷалби бештари бонувон ба корҳои идорӣ ва сиёсӣ ҳикоят кард.
Марҳабо Олимӣ – муовини Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи занон ва пойдору мустаҳкам нигоҳ доштани оила суханронӣ кард.
Умарзода Саида Ғайрат – муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоию тандурустӣ нисбат ба оила суханронӣ намуд.
Насимҷон Расулзода – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ дар бораи ҷалби ҷавонону бонувон ба корҳои роҳбарии сиёсӣ изҳори андеша намуд.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон оид ба мавзуъи мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.