Шояд бисёриҳо ин мисраъҳои устоди равоншод Лоиқ Шералиро ёд доранд. Шеъре саропо аз таманноҳои як марди баркамол, ки орзу борад ақалан боре кӯдаки нодон шавад.
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.
Дар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.
Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.
Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.
Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам,
«Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.
Ошиқе зорӣ кунад бар ман, чу ояд бовараш,
Хат барам аз ӯву ҷавоб аз дилбараш.
Дар шаби туйи арусӣ то таги тори арӯс,
Ноаён оям, бибинам чеҳраашро дилфурӯз.
Тоҷи тиллоӣ ба рӯи абруи пайвасти ӯ,
Бӯи умри тоза ояд аз ҳинои дасти ӯ.
Лек бинам, то магар розист аз тақдири худ,
Розӣ аст аз бахт ё менолад аз тақсири худ.
Ё ҳамегиряд зи шодӣ ё ҳамехандад зи ғам,
Ёд карда ошиқи деринаашро бо алам...
Боз дар тоқии худ барчош чинам бо мурод,
Хонда бо ҳамсолҳоям ёр-ёру шодбод.
То саҳар дар тӯйхона байтхониҳо кунам,
Дар ҳақи навхонадорон байтмониҳо кунам.
Ман чӣ мегӯям, худоё?
Ман дигар кӯдак нахоҳам шуд, дареғо!
Лек одам ҳар қадар солору пурармон шавад,
Боз мехоҳад, ки боре кӯдаки нодон шавад..
Ин шеърро шоири номдори тоҷик соли 1970 навишта, замоне, ки эшон дар остонаи сисолагӣ қарор доштанд. Ва он имрӯз ҳам ҳамон шеър аст, ҳамонест, ки ҳар марди камолёфта ҳамин орзуро дар дил мепарварад. Яъне, боз баргардад ба овони бачагӣ. Ва ҳарчанд медонад, ки ин амалан номумкин аст. Аммо инсон оё метавоад бе орзу зиндагӣ кунад?
Ва аз субҳи имрӯз мо аллакай даҳҳо хабареро дарёфт кардем, ки дар гӯшаву канори Тоҷикистони азиз Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил мешавад.
Ва ин рӯз дар Китобхонаи миллӣ низ шукуҳе дошт. Ба расмҳои зер таваҷҷуҳ кунед ва аз чеҳраи ин атфоли хонанда чизҳоеро бихонед, ки бояд бихонед: шодии беинтиҳо, болидагӣ аз тақдир, дурӣ аз ғамҳои олам, табассумҳои малеҳ, чашмони аз шодкомӣ барқзада...
Ва мо ҳаминро таманно дорем ба тифлони худ, насле, ки оянда ин кишварро обод хоҳад кард.
Насле, ки парчами суботро боло нигоҳ хоҳад дошт.
Насле, ки ба умеди рӯзи нек ва хушии хотири миллионҳо тифли Сайёра пайкор хоҳад кард.
Суратгир Хусрави Милод