Ин китоб ба тозагӣ дар нашриёти “Маориф”-и шаҳри Душанбе чоп шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки таҳти роҳбарияш давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон аз нигоҳи назариявӣ ва илмӣ амалан бунёд шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойи худро гирифт. Ба қадри ў расидан, номи ўро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ўро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
Китоби мазкур ҳамчун тасдиқи қабул шудани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», ки 9- уми декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намоляндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, таҳия шудааст ва он силислаи маколаҳои арзишманди олимон ва ҳамчунин аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатро дар бар мегирад.