Китоби Президент

Китоби нави Пешвои миллат бо забони русӣ дар бораи сиёсати хориҷии кишвар

 

           Китоби нав - маҷмуъи суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан» дар ҳаҷми 222 саҳифа аз чоп баромад. Китобро бо сифати баланд нашриёти «Контраст» - и шаҳри Душанбе чоп кардааст.

   Ба ҳамагон маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон поягузор ва роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи муосири тоҷик мебошанд. Дар китоби мазкур бори аввал матни ҳамаи қисматҳои паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,

Китоби нави Пешвои миллат: «Уфуқҳои Истиқлол»

Бо ҳамин ном китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд. Дар сарсухан омадааст: “...вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни “миллати куҳан ва давлати ҷавон”-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст”.

Ду китоби тозанашри Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд

Дар Китобхонаи миллӣ муаррифии китобҳои тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат-ҳастии миллат» бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, устодони донишгоҳҳо,  донишҷӯён ва хонандагони китобхона баргузор шуд. Муаррифии китобҳо ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкати Пешвои миллат дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон (Видео)

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.
Хотиррасон бояд кард, ки Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 таъсис ёфта аз

Китоби Пешвои миллат дар Кувайт муаррифӣ шуд

Дар ҷараёни суҳбати Асосгузори сулҳ ва вҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Кувайт  ҷилди чоруми китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо забони арабӣ муаррифӣ шуд.
Гуфтанист, ки китоби мазкур зери назари арабшинос Нарзулло Назаров ва тарҷумаи арабии Акрам Каримов дар нашрияи

“Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ”

Чунин ном дорад китобномае, ки дар таҳияи Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ахиран чопхонаи “ЭР-граф” бо дастгирии Раиси ҶСК “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода ба нашр расонидааст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар мақолаи худ бо номи “Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик” менависад: “Ҳар як давраи таърихӣ ба арсаи сиёсат шахсиятҳои замони худро мебарорад, ки минбаъд адабиёт фаъолият ва корнамоиҳои ӯро ҳамчун оинаи равшани ҳаёт инъикос менамояд. Дар оғози солҳои навадуми асри бист ва аввали асри 21 ҳамин гуна симо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, тамоми дастовардҳо ва пешрафтҳои  соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба фаъолият, заҳмати шабонарӯзӣ, кӯшишу ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллат алдоқаманд мебошад. Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тавонист, ки Тоҷикистони

Страницы