Ду китоби тозанашри Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд
Нашр шуд 2016-11-17 09:39
Дар Китобхонаи миллӣ муаррифии китобҳои тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат-ҳастии миллат» бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, устодони донишгоҳҳо, донишҷӯён ва хонандагони китобхона баргузор шуд. Муаррифии китобҳо ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент бахшида шуда буд.
Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо паёми шодбошӣ аз ҷумла гуфт: «Дар эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар ин рӯҳия ташаккул ва такомул ёфтани худшиносии миллат асари нави муҳташами арбоби намоёни давлатию сиёсӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор», ки зиндагинома, осор ва пайкори 25 чеҳраи баргузидаи илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиамонро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор додааст, нақши муассир дорад.
Китоби мазкур маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф доир ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Муаллиф доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳоло наомӯхтаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва чеҳраҳои баргузидаи онро ба риштаи таҳқиқ кашида, мероси пурғановати фарҳангӣ ва марҳилаҳои асосии тақдирсози таърихи гузаштаро, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз доранд, мавриди баррасии амиқ қарор додааст».
Китоби дигари Президенти Тоҷикистон «Забони миллат-ҳастии миллат», ки аз таърихи забони тоҷикӣ ҳикоят мекунад, дар ҳамин нишаст муаррифӣ гардид.
Китоб бо муқаддимаву хулоса шомили 6 боб буда, ҳар боб аз 3 то 5 фаслро дар бар мегирад. Маврид ба таъкид аст, ки “Забони миллат-ҳастии миллат” танҳо як навиштае дар бораи таърихи забони тоҷикӣ набуда, доиратулмаорифест, ки бо такя ба сарчашмаҳои муътамади илмии ватаниву хориҷӣ, қадимиву имрўза рўйи коғаз омадааст.
Китоб барои ҳам пажуҳишгарон ва ҳам доираи васеъи хонандагон, барои онҳое, ки мехоҳанд аз таърихи забони модариашон огоҳӣ пайдо кунанд, беҳтарин туҳфа аст.