Зан-Модар аз нигоҳи Пешвои миллат

Чанд иқтибос аз гуфтаҳову навиштаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи занону модарон.
***   ***   ***   ***
Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.
Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад.

***   ***   ***   ***
Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».

***   ***   ***   ***
Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне, соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.

***   ***   ***   ***
Чунонки аз таърихи куҳани мо - тоҷикон бармеояд, ҳанӯз дар аҳди бостон ҷашне бо номи «Сипандормуз» вуҷуд дошта, рӯзи панҷуми моҳи исфанд таҷлил мешудааст. Фариштаи Сипандормуз дар ҷаҳони маънавӣ посдори ишқу муҳаббат, фурӯтаниву бурдборӣ, садоқату фидокорӣ ва дар ҷаҳони моддӣ посбону пуштибони занони неку порсо будааст.
***   ***   ***   ***
Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад.

***   ***   ***   ***
Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.

***   ***   ***   ***
Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо дарназардошти ин нуктаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки: «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад». Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.
***   ***   ***   ***
Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
***   ***   ***   ***
Мо аз саҳифаҳои таърихи хеш хуб медонем, ки дар давраҳои гуногун занону модарон дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд.  
***   ***   ***   ***
Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ў ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дўст доранд ва азиз шуморанд.
Чунки мардон аз домани поку мубораки модар ба меъроҷ расидаанд ва ҳеҷ пайғамбаре бе модар ба дунё наомадааст. Аз ин рў, Пайғамбари бузурги ислом – Ҳазрати Муҳаммад дар мавриди мақому манзалати модар дар яке аз ҳадисҳои шарифи худ чунин фармудааст: «Фазилату савоби некӣ ва эҳсону хизмат дар ҳаққи падару модар бештар аз намоз, закот, ҳаҷ, умра ва ҷиҳод дар роҳи Худои таоло аст».
***   ***   ***   ***
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Бигзор, Рӯзи модарон ба ҳар пиру барнои диёр, занону модарони азиз ва духтарони меҳрубони мо хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад!
***   ***   ***   ***
Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд.
***   ***   ***   ***
Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем.
***   ***   ***   ***
Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки бояд модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем. Чунки зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад. Вале барои ҳар инсон зан, пеш аз ҳама, модар аст ва бузургии ӯ бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст.
***   ***   ***   ***
Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад.
***   ***   ***   ***
Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад.
***   ***   ***   ***
Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрўзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.
***   ***   ***   ***
Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ў меомўзад. ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ў ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».
***   ***   ***   ***
Зан - модар дар дини мубини Ислом низ мақому манзалати хоса дорад. Дар чандин сураҳои қуръони маҷид ҳуқуқ ва ҷойгоҳи зан возеҳу равшан ифода ёфтааст. Дар ҳадисҳои набавӣ ва қавли саҳобагон низ қадри волои модар борҳо таъкид гардидааст.
***   ***   ***   ***
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем.
***   ***   ***   ***
Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ, Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абӯисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Носири Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият додааст.
***   ***   ***   ***
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад.

Барчаспҳо: