Китоби Пешвои миллат дар Кувайт муаррифӣ шуд

Дар ҷараёни суҳбати Асосгузори сулҳ ва вҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Кувайт  ҷилди чоруми китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо забони арабӣ муаррифӣ шуд.
Гуфтанист, ки китоби мазкур зери назари арабшинос Нарзулло Назаров ва тарҷумаи арабии Акрам Каримов дар нашрияи “Матобеъ ал – Аҳром”-и Қоҳира чоп шудааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Ҳусейн Ансорӣ, ректори Донишгоҳи Кувайт ва Суол Абдулваҳод, декани факултаи адабу ҳунари ин донишгоҳ “дар бораи пуштибонии чеҳраи барҷастаи сиёсии олам, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз исломи ноб дар созмонҳои бонуфузи сайёра, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, тарҷумаи китоби Қуръон ва ба мардум дастрас кардани он ва дигар талошҳо баҳри таҳкими муносибатҳои илмӣ, оид ба аҳамияти таърихии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” баҳри ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни бою қадимаи мардуми тоҷик андешаронӣ намуданд.”
“Баромадкунандагон дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ дар рушан кардани таърихи тоҷикон сухан карда, Сарвари давлати Тоҷикистонро ҳамчун таърихшинос ва муаррихи маъруф муаррифӣ намуданд.”
Ҳамчунин ба ҳозирин филми кутоҳмуддати мустанад оид фарҳанги оламшумули тоҷикон, оинҳои неки наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҷаҳонишавии ин ҷашни ниёгон намоиш дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ гуфтааст, “Нашри нави ин китоб ба забони арабӣ дар кишвари шумо нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.”
Пас аз анҷоми чорабинӣ оид ба муаррифии нашри арабии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар назди донишгоҳ намоишгоҳи Тоҷикистон кушода шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ намоишгоҳро ифтитоҳ намуд.

Барчаспҳо: