Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар

Ҳастии инсоният ва сарнавишти он фалсафаи ибратомўз мебошад. Инсон дар ҳаёти худ ба мушкилиҳо ва бурдбориҳои гуногун рў ба рў мегардад. Яке аз сабабҳои асосии мушкилоти ҷойдошта, ки дар баробари гирдоби кашмакашиҳои низоъҳои сиёсию иҷтимоӣ, ба ҳатарҳои экологӣ низ дучор гаштааст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чорунсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшани­диҳан­да, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мўъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво  бинад, зеро:

Зиҷўе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набоядфикандан дар он сангу хок,

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мўъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ  ва маҳсули  шодиҳои  олами  ҳастист:

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрул башар.

Об ҳаст ободӣ ҳаст, мегўянд. Об аст, ки кули мавҷудоти олам дар афзои шурушду нумўъ ва пояндагӣ ў қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бўй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона, бархе аз инсонҳои беандеша ва гумроҳ дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд, дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бесарфаю саришта ­корӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳдоштани он, макрўҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар  як  шахси мусалмон дониста меша­вад. Имрўз аз гуфтаи Паёмбари бузург Расули Акрам (с) «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад».

Ҳамин гунна масъалаҳо инсониятро беш аз пеш нигарон карда, мутассифона, он барои ҳалли мушкилоти худ торафт оҷизтару нотавонтар мегардад. Аммо инсоният новобаста ба ҳама мушкилиҳои ҳаёт нигоҳ накарда барои худ осудагию амонӣ ва оромиш меҷўяд. Ҳамеша дар талоши ҳаёт, рў ба самти беҳбудиҳо ҳаракат менамояд. Мутахассиони ҷаҳон бар он ақидаанд, ки баъд аз 30-50 сол шояд раванди  бебозгаште  оғоз  ёбад, ки  метавонад ҷаҳонро ба таркиши экологӣ оварда расонад. Ҳоло олимон як қатор мушкили ва масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ инсониятро барои ҳалли аҳли башар пешниҳод намуданд:

- гармшавии иқлим;
-норасоии оби ошомиданӣ;
-ифлосшавии фазои атроф;
-зиёдшавии партовҳо.

Дар гуфтаҳои боло баъзе коршиносон сабабгори асосии бавуҷуд омадани масъалаҳои глабалии инсоният дар охири асри 20 ин босуръат афзудани аҳолӣ ва инқилоби илмӣ-техникӣ мебошад. Шумораи аҳолии кураи замин сол аз сол зиёд гардида истодааст. Мутобиқ ба таҳқиқотҳои олимон аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 млрд нафар хоҳад расид. Ҳамин тариқ дар давоми зиёда аз ним аср миқдори афзоиши инсоният ва фазои аз  табиат гирифтаи инсон барои майдонҳои кишту кор, сохмони манзил, роҳҳои оҳан ва автомобилгард, майдоҳои ҳавоӣ ва бандарҳо, боғу токзор ва иншоотҳои дигар, партовгоҳҳо тақрибан 2-3 маротиба афзуд.

Инсон қобилият дорад, ки беистифодаи ғизо 45 рўз, бе об 25 рўз ва беҳаво 5 дақиқа умр бинад. Барои ҳамин одам барои фаъолияти ҳаёти худ бояд, ки ғизо, об ва ҳаворо истифода барад. Мушоҳидаҳои ташкилотҳои  умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки зиёда аз нисфи саломатӣ ва бардавомии умри инсон аз шароити зиндагӣ, аз панҷ як ҳиссааш аз ҳолати муҳити зист ва тақрибан 10% аз ҳолати обҳои нўшоки вобастагӣ дорад. Аз ҷумла масъалаҳои нигаронкунандаи инсоният ин норасоии оби ошумиданӣ ва маводӣ ғизо мебошад, ки бо афзоиши аҳолӣ бозҳам  шадидтар гардида, ҷомеаи  ҷаҳониро ба таҳлуқа андохтааст.

Об яке аз сарватҳои муҳимми табиӣ буда, норасоӣ ва истифодаи нодурусти он дар сайёра  мушкилоти нав ба навро эҷод кардааст. Бо тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряҳҳои азим сайёра захираҳои обӣ рўз то рўз кам мегардад. Агар баландшавии ҳарорати замин  чунин идома ёбад, аз рўи пешгўиҳои олимон ба обшавии пиряҳои азими ҷаҳон оварда мерасонад, ки ин  ба баландшавии сатҳи оби  уқёнуси ҷаҳонро  то ба 40-60 метр боло мебарад. Махсусан ҳалли масъалаҳои глабалӣ ва минтақавии ҷаҳон имрўз оид ба об  ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвари мо мубаддал гардидааст. Вобаста ба ин Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои  Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба маҷлиси Олӣ зикр карда буд, ки «Пешгирии чунин масъалаҳои глабалӣ ба монанди таҳдиди экологӣ, терроризм, эктремизм, камбизоатӣ, инчунин истифодаи оқилонаи заҳираҳои оби ошомиданӣ танҳо бо роҳи муттаҳид намуданӣ кўшишу талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир аст.»

Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор бо сиёсати хирадмандона ва дарҳои кушод бо эълон намудани чорумин даҳсола, яъне «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» тавонист бори дигар қудратҳои ҷаҳонро андешаманди масоили глобалии ҷаҳон марбут ба об гардонад. Барои ба ин раванд тавқият бахшидан ва нигоҳ доштани сатҳу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон бо ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати ҷалби бештар ва фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба  масоили глабалии ҷаҳони муосир, зарурати татбиқ ва ҳалли он саъю талошҳои худро дареғ намедоранд. Аз ҷумла Муассиаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ин масъалаи муҳими  феҳристи адабиёт таҳти унвони «Об – манбаи ҳаёт»  таҳти рақами инвентарӣ 222951-222953 дар фонди Китобхона ҷойгир аст. Китоб дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо назардошти ворид шудани нусхаҳои ҳатмӣ, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) - Хонаи китоби Тоҷикистон, осори чопии Пажўҳишгоҳи Масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои Интернет таҳия шуда, маводи чопию электронии солҳои 1948-2013 нашршударо дар бар гирифтааст. Феҳрист ба мутахассисон ва дигар гурўҳҳои хонандагон барои бештар тару хубтар ошноӣ пайдо намудан бо маводи марбут ба масоили захираҳои об ва истифодаи оқилонаи он кўмак хоҳад расонд.  Инчунин  аз захираи фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон нисбат ба мавзуи мазкур  хонандагон  метавонанд, маводҳои  дилхоҳашонро дастраст намоянд.

Коргарони даргоҳи илму маърифат ҳамчун  шўълапошоне  ҳастанд, ки шахсони ба ин даргоҳи маърифат воридшударо пурнур менамоянд.

Валиев Ҷамил, корманди
Шуъбаи нигаҳдории китоб

Барчаспҳо: