Субҳи имрӯз, шанбе, 14-уми январ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаи нигаҳдории китоб ва тармими ҳуҷҷатҳо таҳти унвони «Паём–роҳнамои имрўзу фардо» мизи мудаввар дар ҳошияи паёми Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Мизи мудавварро бо суханони муқаддимавӣ муовини Директори Китобхона Гадобек Маҳмудов оғоз кард ва мухтасар дар бораи Паё ми имсола, муҳтаво ва ҷанбаҳои муҳими он сухан ронд.
Гадобек Маҳмудов зимни ёдоварӣ аз иқдоми ахири Сарвари давлат дар мавриди таъмини шабонарӯзии қаламрави кишвар бо неруи барқ ба Президенти мамлакат барои ин гуна ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Вай гуфт, акнун дигар шикояти бебарқӣ намешавад ва саросари кишвар бо неруи барқ таъмин мегардад. Лимити ҳарсола қабл аз фақт лағв мешавад. «Ин ҳама аз кўшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Кўшишҳои ин марди наҷиб барои беҳ гардонидани зисту зиндагонии мардуме, ки дар ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд, хеле муҳим ва муфид аст, бахусус дар ин фасли сармо”,- гуфт ӯ.
Муовини Китобхона Салима Раҷабова дар мавриди баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа суханронӣ намуда, қайд намуд, ки воқеан чи хеле сарвари давлат қайд намудаанд, «Имрўз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд. Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд».
Салима Раҷабова афзуд, ки имрўз занон дар тамоми қишри ҷомеа фаъолият мебаранд. Чӣ хеле ки мо медонем, 70 дарсади кормандони китобхонаро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар поёни нишаст муовини Директори Китобхона Гадобек Маҳмудов иброз дошт, ки «Паём - дастурамали омӯзишиест, ки роҳи минбаъдаи зиндагии моро муаян мекунад».