Ширкат се хонандаи фаъоли Китобхона дар чорабиниҳои Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон

Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон  намояндагиҳои СММ,  Сети-Y-PEER дар Тоҷикистон, созмони ғайридавлати “Пешрафт”, Vortex ва дигар созмону намояндагиҳо чорабиние барпо шуд, ки дар он Китобхонаи миллӣ низ ширкат намуд.
Ин чорабиниҳо дар меҳмонхонаи Шератон дар чанд мавзуъ баргузор шуданд ва намояндагони шуъбаи хизматрасонии махсус бо шумули хонандагони доимии худ, се  нафар дорои имкониятҳои маҳдуд Мавзунҷони Ғафурзод, Мусаввара Амонова ва Заррина Абдураҳимова ба намоишгоҳи "Волонтерство как карьерная лестница" ширкат карданд.
Ин се тан ба ин намоишгоҳ амали дастони худ, дарздӯзиҳо, зардӯзиҳо, муҳрабофӣ,  саноеъи дастиро пешниҳод карданд.
Ширкаткунандагон ҳамчунин бо барномаи рангини консертӣ низ баромад намуданд.
Дар ин чорабинӣ кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ низ дар мавзўи “Дастовардҳои имрўзаи  Китобхонаи миллии Тоҷикистон” намоиши китоб ташкил намуданд.
Ширкаткунандагон, ки бештар ҷавонон буданд, таваҷҷуҳи онҳо ба ҳунарҳои дастӣ, кандакорию рассомӣ ва китобҳои илмию бадеии тозанашр  дида мешуд.
Чорабинии фарҳангию маърифатии ба Рўзи байналмилалии ҷавонон бахшидашуда  аз ду қисмати  асосӣ: бахши маориф ва бахши фарҳанг иборат буд, ки дар он ташкилоту муассисаҳои фарҳангии шаҳри Душанбе ва намояндагиҳои  давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон  бо ташкили намоиши дастовардҳои илмию фарҳангии худ иштирок намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки  соли 1999 Маҷмаи Умуми СММ дар қатъномаи № «A/RES 54/120» тавсияи Конфронси умумиҷаҳонии вазирони кор бо ҷавононро (Лиссабон, соли 1998) дар бораи таҷлил намудани 12 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷонибдорӣ намуд ва таҷлили ин ҷашн ба ҳукми анъана даромад.