Таронаҳо, шеърҳо, шоҳбайтҳо ва чистонҳои “Равшандилон”

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсусро Ҳусейни Нурмуҳаммад сарварӣ кард. Ин маҳфил рӯзи сешанбе дар толори хониши Шуъба баргузор шуд.

Қудратуллои Муҳаммадӣ таронаеро замзама кард. Хеле оҳанги хубу равон дошт ва мазмуни шеър бо оҳанги он мувофиқат мекард.

Бори аввал дар ин маҳфил шаҳрванди Қирғизистон Тоқтасун Ҳамитов ширкат кард. Мавсуф донишҷӯи коллеҷи санъати шаҳри Душанбе аст ва дар маҳфил як шеър бо забони қирғизӣ хонад.

Фарҳоди Қодир шеъри нави худро хонд ва аъзои маҳфил атрофи он фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Дар бахши Афшина ва Афшона Фарҳоди Қодир аз Сайидои Насафӣ як шоҳбайт қироат кард ва шарҳ дод, ки чаро ин байтро вай шоҳбайт медонад. Марҷона Қурбонова ва Марҷона Маҳмудова низ шоҳбайтхонӣ карданд.

 Дар қисмати чистону зарбулмасал қариб ҳамаи аъзои маҳфил ширкати фаъолона доштанд. Яке зарбулмасал мегуфт ва дуюмӣ назари худро дар бораи он баён мекард. Яке чистон мегуфт ва дигарон ҷавоби онро меҷустанд.

Хушбахти Одина дар маҳфил ҳикоёти ҷолибе хонду табъи ширкаткунандагонро болида сохт.

Маҳфири “Равшандилон” нишасти афроди дорои имкониятҳои маҳдуд аст, ки моҳе як маротиба баргузор мешавад. Ҳадафи он кашфи истеъдодҳо, барарсии навиштаҳои аъзои маҳфил ва арзёбии он аст. Маҳфил ҳамеша шавқовар ва диданиву шуниданӣ мегузарад.