“Ганҷи сухан” бо ширкати Моҳпайкар Ёрова ва Зулфия Содиқова
Нашр шуд 2018-04-25 18:02
Маҳфили “Ганҷи сухан” ҳар моҳ як мароиба доир мешавад ва ҳадафи он фароҳам овардани имкони бештар барои хонандагони Шӯъбаи хизматрасонии махсус аст. Онҳо дар ин маҳфил ҳузур меёбанд ва бо шахсиятҳои шинохтаи фарҳангиву ҳунарӣ мулоқот мекунад. Дар бораи онҳо аз забони худашон мешунаванд ва бо онҳо муоколама мекунанд, атрофи китобҳову намоишҳо ва филмҳояшон баҳс меороянд.
Субҳи дирӯз дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Шӯъбаи хизматрасонии махсус маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” бо ширкати ҳунармандони шинохтаи театр ва синемо Моҳпайкар Ёрова ва Зулфия Содиқова баргузор шуд.
Ин аслан мулоқоти мухлисон бо ҳунармандони дӯстдоштаашон буд ва тибқи дархости онҳо роҳандозӣ гардид.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова зимни суханронии ифтитоҳии худ гуфт, ки ҳар дидору мулоқот бо шахсони ҳунар, адибону олимон як шодиву фараҳ аст, чун ҳаёти ин афрод ва кору пайкорашон барои ҳар фард омӯзанда аст.
Салима Раҷабова ҳамчунин афзуд, ки ҳам Моҳпайкар Ёрова ва ҳам Зулфия Содиқова аз ҳунармандони дӯстдоштанианд ва сӯҳбат бо онҳо бидуни шак аз манфиат холӣ нест.
Сипас, меҳмонон бо навбат дар бораи роҳи тайкардаи ҳунарии худ, мушкилоти саҳнаофариниҳо ва нақшбозиҳо ҳарф заданд ва ба саволҳои зиёди ширкаткунандагон посух доданд.