Дирӯз дар толори хониши Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ маҳфили навбатии “Равшандилон” бо ширкати ҷамъе аз аъзои фаъоли шуъба аз ҷумла афроди дорои имконоти маҳдуд доир шуд. Садри маҳфил шоири шинохта Хайрандеш якояк эҷоди моҳи охири ширкаткунандагони фаъоли маҳфиро аз назар гузаронд.
Чун ҳамеша маҳфил дар атрофи ҳафт равзаи анъанавӣ: Афрӯза, Афроза, Афшина, Афшона, Ангора, Андеша ва Ангеза ҷараён гирифт ва ин бор дувоздаҳ нафар аъзои фаъоли маҳфил, аз ҷумла Мавзунҷон, Раҳматулло, Фаридун, Парвина, Солиҳа,Ҳусейн ва Ҷомӣ иштироки фаъолона доштанд.
Муаррифии Раҳматуллоҳи Раҳим:
Раҳматуллоҳи Раҳим дар дехаи Файзободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Бо амри тақдир мактаби миёнаро нахонда, аз аёми хурдӣ бо кӯшишу талошҳои бевоситаи волидонаш дар хона худомӯзӣ кардааст.
Раҳматуллоҳ соли 2010-ум омузишгохи техникии нохияро ва баътар Муассисаи Давлатии литсей-интернати касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанберо хатм кардааст. Аҳхол донишҷӯи соли сеюми бахши факултети кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Точикистон ба номи М.Турсунзода мебошад.
Маҷмуаи ашъори Раҳматуллоҳи Раҳим зери унвони «Шукри зиндагӣ» «Набзи ноҳамвор» ва «Ниёиш» аз чоп баромаданд. Аз соли 2013 бо дастгирии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи радиои «Садои Душанбе» ба ҳайси муҳаррир кор карда истодааст.
Раҳматуллоҳи Раҳим соли 2018 дар филми «Фарзанди нохалаф» кисми 1-ум ва 2-юм дар нақши асосӣ бозӣ кардааст. Вай ҳамчунин муовини раиси ташкилоти ҷаъмияти маъюбони «Равонбахш»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.
Оиладор аст, соҳиби ду писар мебошад.
А. Назарова, сармутахассис.