Барномаи консерти хайриявии таҳти унвони «Мо ҳам метавонем»

 Баъд аз зӯҳри дирӯз, 25-уми апрел дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барномаи консертии хайриявӣ таҳти унвони “Мо ҳам метавонем”  доир гардид.

 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ гуфт, ки  “Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи бонуфузи фарҳангии ҷумҳурӣ бо доштани маҳзани гаронмояи адабиёти илмӣ-соҳавӣ ва бадеиву тарбиявӣ ҳамарўза ба муштариёни зиёд, ки аксари онҳоро донишҷўёну мактаббачагон ташкил медиҳанд, хидмат мерасонад. Ҳамзамон, Китобхонаи миллӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир намуда, дар самти таҳкими ғояҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳувияти миллӣ ва эҷоди ҷомеаи мутамаддин дар кишвари азизамон саҳм мегузорад. Консерти хайриявии имрўза, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, бевосита ҷиҳати дастгириву болидарӯҳӣ ва дарёфти истеъдодҳои санъату ҳунар пешбинӣ шуда, минбаъд санъаткорони мумтози консерти мазкур ба чорабиниҳои сатҳи баланд пешбарӣ хоҳанд шуд”.

 Профессор Абдусалом Мирализода дар идомаи суханонаш афзуд: “Чун ҳамагон шоҳид ҳастем, ки ашхоси имконияташон маҳдуд, қатъи назар аз ноқисии ҷисмонӣ, дар доираи тавони худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ шуғл меварзанд, дар ташкилоту корхонаҳо пурсамар фаъолият намуда, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона саҳм мегузоранд, ба манфиати халқу Ватан софдилона хизмат менамоянд. Ҳамин тавр, ҷомеа пайваста аз маҳсули наҷиби дастони онҳо баҳраманд мегардад.

Бигзор, ашхоси имконияташон маҳдуд чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии мо ҳамеша болидарӯҳу пурталош ва дар самтҳои мухталифи рушди ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд”.

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки вазорати таҳти саррварии ӯ барномаҳои ҷолиби кумаку дастгирии шахсони имкониятҳояшон маҳдудро таҳия кардаву амалӣ менамояд. Вай гуфт:  “Ин барномаи консертӣ барои дастгирии шахсони ниёзманд аст. Имрӯз шахсони дорои имконияташон маҳдуд на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз Тоҷикистон дар чорабиниҳо ширкат намуда, фарҳанги волои моро муаррифӣ менамоянд. Умедворам, тамоми ҷомеаи кишвар ин иқдоми некро якдилона дастгирӣ менамоянд. Албатта, таваҷҷуҳ ба ин гуна афрод қадами аввал нест, мо дар гузашта чорабиниҳои зиёде доштем. Аммо ҳоло тасмим гирифтем беш аз ҳар вақти дигар ба мушкилоти шахсони дорои имконоти маҳдуд бирасем. Ҳама имкониятҳои худро истифода мебарем, то аз миёни ин афрод ҳунармандонро пайдо ва ба ҷомеа муаррифӣ намоем”.

 Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Мирҳамуддин ва Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев ширкат ва суханронӣ намуданд.

 Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буда, сараввал рақс дар иҷрои ансамбли рақсии «Базморо» пешниҳод гардид. Баъдан, дар он сарояндаҳои хушовоз Моҳрухсор Сафиева, Лола Азизова, Суруш Холов, Мадина Акназарова, Хайём Хаёлбеков бо сурудҳои хеш хотири ҳозиринро шод гардониданд. Баъдан, рақсҳои рангин бо аробачаи маъюбӣ дар иҷрои гулдухтарон пешкаши ҳамагон гардид.

 Инчунин, дар ин зимн, Иброҳими Исмоилзод, Муслимова  Кибриё, Муслимова  Хадича ва Муслимова  Шукрона, аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус, Матлуба Раҳимова, Заринаи Абдураҳим, Абдулазиз Ашуров ва Мавзунҷони Ғафурзод бо сурудҳои  хешро пешкаши ҳамагон сохтанд. Дар рафти чорабинӣ, барои болидарӯҳии аъзоёни шуъбаи хизматрасонии махсус саҳначаи ҳаҷвие дар иҷрои Фирӯз Исматов ва Холмаҳмад Шарипов пешкаш гардид.

 Роҳбарияти муассиса, аъзоён ва кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ ба иштирокчиён барои тақдими туҳфаҳо ва ташкил ва баргузор намудани ин барнома саҳм гузошта буданд, изҳори сипозгузорӣ намуданд.

Дар охир, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ сарпарастони ин чорабиниро бо сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.

 Фарзонаи МИРЗО