Насриддини Нуриддин ва Ҷамшеди Ҳалим аз гуруҳи ширинкорони “Лаҳзаҳои гуворо” меҳмони навбатии гмаҳфили “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ буданд.
Ин маҳфили дилкушои ҳармоҳа ин бор аз саҳнаҳои ҷолиб ва суҳбатҳои дилнишини ин ду ҳунарманди мардумӣ саршор буд ва табъи ширкаткунандагон аз ҷумлаи хонандагони ин шуъба ва афроди дорои имкониятҳои маҳдудро шод кард.
Тавре барандаи маҳфил Раҳматуллои Раҳим иброз дошт, «ин маҳфил маҳз ба хотири хушиву болидагии хотири ва табъи ҳар яки мову шумо буда, кўшиш менамоем ҳар бор аз гузашта хандадортару хуштар гузарад.
Баъди ошноии ширкаткунандагон бо фаъолияти меҳмонон аз забони худи онҳо миёни онҳо табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, Ҷамшеди Ҳалим ба саволи Мавзунҷони Ғафурзод дар мавриди сабаби рӯ ба ҳаҷв овардани ӯ посух дод: “Ишқи санъакор шудан аз кўдакӣ дар вуҷуди ман буд. Яъне, ҳини мактабхониам аллакай дарк намуда будам, ки истеъдоди ҳаҷвнигорӣ дар ман вуҷуд дорад. Ва чун ба камол расидам инро бештар эҳсос кардам ва ба ҳамин роҳ равона шудам. Имрӯз аз роҳе, ки интихоб кардам, пушаймон ҳам нестам”.
Насриддини Нуриддин суоли Заринаи Абдураҳимро дар мавриди аввалин саҳнаи омодакардаи ӯ кай ва чӣ буд, посух дод: “Аввалин саҳначаи мо ҳамон саҳначаи модару духтур буд, ки он соли 1993 ба навор гирифта шуда буд. Яъне, 24 сол пеш. Ва бистучор сол аст, ки мо саҳна меофарему бинандагон тамошо мекунанд”.
Бояд зикр намуд, ки ин маҳфил аз маҳфилҳои қаблӣ бо латифаҳои намакину саҳначаҳои ҷолиби хеш фарқ дошт. Маҳфил саропо хандаву ҳаҷв ва шухӣ буд. Насриддини Нуриддин ва Ҷамшеди Ҳалим бо намоишҳои ҷолиб ва латифаҳои намакинашон хотири ҳамагонро шод гардониданд.
Дар давоми маҳфил шеъру сурудхонӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус Матлубаи Раҳимзод ва Заринаи Абдураҳим сурудҳои тозаэҷодашро суруданд.
Ёдовар мешавем, ки гурўҳи «Лаҳзаҳои гуворо» соли 1992 бо ҳайати Холмуроди Сиддиқ, Насриддини Нуриддин ва апаи Гулбибӣ таъсис ёфта, баъди як соли баъд ин гурўҳ Ҷамшеди Ҳалим низ пайваст.
Ин панҷумин маҳфили “Хандарез” аст, ки баргузор шуд ва он тибқи нақша моҳе як маротиба бо ширкат гуруҳҳои ҳунарӣ ва ҳаҷвнигорон мегузарад.
Фарзонаи МИРЗО