Маҳфили «Равшандилон» доир гардид
Нашр шуд 2016-10-27 10:00
25-уми октябри соли равон соати 15:00 дар шуъбаи хизматрасонии махсус (маъюбон) маҳфили ҳамешагии «Равшандилон» баъд аз таътили тобистона бори аввал доир гардид.
Маҳфили навбатии Равшандилон-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 20 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд.
Аксари ин афрод касоне буданд, ки имкону малакаи эҷод доштанд, яке шеър менависад, дуюмӣ ҳикояву тарона ва сеюмӣ дар сохтани чизе шавқ дорад.
Дар ҷараёни ин маҳфил чанд тан ба узвияти Китобхонаи миллӣ пайвастанд. Аз ҷумла,
Равшандилон маҳфилест, ки аҳли эҷодро аз миёни афроди дорои имконоти махсус гирди ҳам меорад. Онҳо дар ин маҳфил маҳсули эҷоди худро қироат мекунанд ва он миёни аъзои маҳфил баррасӣ мешавад. Ҳамчунин чистонгӯиву байтбарак ҳам аз ҷумлаи барномаҳои ин маҳфил аст. Дар ин љо як чанд нафар аз аъзоён андешаҳои хешро баён доштанд. Масалан, Садриддин Ҳасанзод шоир ва аъзои маҳфил, ки чунин андеша намуд:
«Маҳфили мазкур яке аз маҳфилҳое мебошад, ки ќаламкашону нављўёни роҳи адабиётро ба худ љалб кардааст. Дар ин маҳфил ҳама аз андешаҳои беѓаразонаи шоири шинохта устод Хайрандеш ва маслиҳатҳои ў баҳравар мегарданд. Аз иштирокчиёни маҳфил дар оянда умеди калон дорам. Зеро инљо танҳо сухани суфтаву бомазмун мавриди муҳокима ва баррасї ќарор мегирад».