Лаҳзаҳои хотирмон бо маъюбон
Нашр шуд 2017-07-05 17:45
Лаҳзае бо маъюбон ба он хотир, ки ҳисси шафқату меҳрубонӣ дар вуҷуди ҳар кадоми мо бедор шавад ва донем, ки ин афрод ба муҳаббати ҷомеа ва мардум ниёз доранд. Муҳтавои чорабинии имрӯзи Шуъбаи хизматрасонии махсус ҳамин буд.
То зуҳри имрӯз, 5-уми июн дар толори “Ошёни булбулон” бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонии махсус (маъюбон) чорабинии фарҳангӣ бо номи «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...» бахшида ба Рӯзи маъюбон баргузор гардид.
Чорабиниро бо суханони муқаддимавӣ Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода ифтитоҳ намуд.
Сайфиддин Назарзода зимни суханронии кутоҳи худ аз чораву тадбирҳое ҳарф зад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маъюбон меандешад. Вай гуфт, ки ҳукумати кишвар барномаҳои зиёдеро рӯйи даст гирифтааст, ки ба некуаҳволии афроди дорои имкониятҳои маҳдуд равона шудааст.
Прфессор Назарзода ҳамчунин дар бораи иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл кард ва гуфт ҳамасола сарвари кишвар борҳо аз ҳоли маъюбону бепарасторон шахсан хабар мегирад ва дигаронро ҳам ташвиқ мекунад, ки дар фикри кӯмаку дастгирии ин афрод бошанд.
Муовини директори Литсеи маъюбони шаҳри Душанбе Мирзомурод Шукуров, масъули шабакаи радиои «Садои Душанбе» Фирӯзҷони Карим дар бораи Рӯзи маъюбон ва вазъи имрӯзаи маъюбон дар кишвар ва талошҳо барои беҳбуди кору зиндагӣ ва таҳсили онҳо суханронӣ карданд.
Ҳунарманди варзида, овозхони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Муҳаммадрофеъи Кароматулло бо суруду таронаҳои наву дилнишини хеш хотири ҳозиринро шод гардонид.
Аъзоёни фаъоли шуъба дар ин чорабинӣ шеъру сурудхонӣ низ намуданд.
Бояд гуфт, чорабинӣ хубу хотирмон анҷом ёфта, иштирокчиён аз он ҷаҳони маънӣ гирифтанд. Дар охир, барои 60 нафар аъзоёни фаъоли шуъба маводи ғизоӣ тақдим гардиданд.
Гуфтанист, ки Рӯзи ҷаҳонии маъюбон ҳамасола рӯзи 8-уми июн баргузор мешавад. Ин рӯзу шафқату меҳрубонӣ ба касонест, ки имконоти маҳдуд доранд.
Фарзонаи МИРЗО