Оғози мусобиқоти шоҳмот миёни маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Сар аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусобиқоти шоҳмот миёни нобиноён ва маъюбон оғоз гардид.  Ин зинаи аввали чорабинист ва қарор аст аз соли оянда он ба бозии ҳамасола миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд  табдил ёбад.

Созмондиҳандагонаш мегӯянд ҳадафи аслӣ рушди ин навъи варзиш миёни маъюбон аст.
Ширкаткунандагон аъзои клуби маҷруҳони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастанд, ки аз ҷониби маркази шаҳрии маъюбони ИМКОНИЯТ сарпарастӣ мешаванд. Ҳамчунин миёни ин афрод касоне низ ҳастанд, ки аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон эъзом шудаанд ва онҳо низ аз ҷумлаи маъюбонанд.
Созмондеҳандагони чорабинӣ созмони ҷамъиятии Пешрафт, Кумитаи ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ ва Федератсияи шоҳмоти кишвар мебошанд.
Мусобиқоти шоҳмот миёни маъюбонро ташкилоти Фароз сармоягузорӣ кардааст.