Базми шеъру таронаи бонувон: “Суҳбати гулҳо” дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2016-03-07 11:48
Бо ҳамин номи рамзӣ дуввумин чорабинии Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи модар баъди зуҳри рӯзи шанбе дар толори ошёнаи дуввум баргузор шуд. “Суҳбати гулҳо”, яъне бонувони ҳунарманду суханвар гирди ҳам омаданд, то дар ин фархундарӯзҳои баҳорӣ таманиёти баҳории худро баён доранд. Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода бо хайрамақдам аз ҳузури меҳмонони маҳфил дар бораи мақоми зан дар ҷомеа ҳарфҳои шунидание гуфт. Вай иброз дошт, ки гул ин худ рамзи муҳаббату саодат аст ва бонувон низ рамзи ишқу баҳоранд. Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин гуфт, ки Пешвои миллат бештар ба ҳоли бонувони кишвар таваҷҷуҳ дорад ва он ки пайваста онҳоро ба идораи давлат ҷалб мекунад, баёнгари таваҷҷуҳи хоса ва эҳтиром ба мақоми зан дар ҷомеаи мост. Шоираи шинохта Меҳриниссо, ки дар ин маҳфил ҳузур дошт, аз ашъори тозаи худ намунаҳо хонд, баҳорро васф кард, дар ситоиши модар чун офаринандаи насли башар ҳарф зад. Вай гуфт, ки иди модарону бонувон дар оғози баҳор мувофиқ меояд, ки басо рамзист, чун модар ва баҳор тавъаманд. Дар маҳфил ҳамчунин адибони шинохта Марямбонуи Фарғонӣ, Шоираи Раҳимҷон, Адиба, Баҳриниссо, Ҳуриниссо Ализода ширкат карданд. Кормандони Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атоев, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ ва Ҷалолиддин Нуров аз ашъори баҳории худ намунаҳо хонданд. Овозхони шинохта Сабоҳат Наҷмиддинова хотири ширкаткунандагонро бо таронаҳо шод кард.