Ёде аз Абдузоҳиди Холзода дар маҳфили «Равшандилон»

Имрўз, 27-уми декабр баъд аз зўҳр маҳфили навбатӣ ва барои имсол охирини “Равшандилон”-и шуъбаи хизматрасонии махсус баргузор гардид.
Ин бор ҳудудан 20 нафар аъзои фаъоли шуъба аз зумраи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ширкат карданд. Шоири шинохта Хайрандеш ин бор низ маҳфилорои ин ҷамъомад буд.
Ин навбат маҳфили «Равшандилон» бахшида ба ёдбуди як тан аз аъзои фаъоли шуъба, шоири ширинкалом Абдузоҳиди Холзода, бо тахаллуси Мазҳарӣ, гузашт, ки 1-уми декабр дар синни 69 солагӣ оламро тарк карда буд.
Абдузоҳиди Холзода соли 1947 дар деҳаи Гардангаҳи ноҳияи Нуробод дар оилаи олими деҳқон ба дунё омадааст. Ў бо тахаллуси Мазҳарӣ шеърҳо менавишт. Равоншод соҳиби ду маҷмуъаи ашъор бо номҳои «Ҷавоҳири ишқ» (2004), «Осмони адаб» буд.
Дар рафти маҳфил иштирокчиён Малика Сафарова, хонандаи мактаб интернати рақами 1–и шаҳри Душанбе ва Муҳибулло аз эҷодиёти  шоири  марҳум Мазҳарӣ  қироат намуданд.
Қисмати дигари маҳфил қироати шеърҳои тозаэҷоди иштирокчиён буд. Аз ҷумла, Хушбахт Одинаев, Ҷомӣ Сафаров, Раҳматуллои Раҳим, Шодӣ Бобоев ва муаллима Солеҳа Ғафурова ашъори навэҷодашонро қироат намуданд ва  шоир Хайрандеш ба шоирони ҷавон барои минбаъд навиштаи шеърҳои бомазмуну бомаром маслиҳатҳои муфиди хешро дареғ надошт.
“Равшандилон” маҳфилест, ки аҳли эҷодро аз миёни афроди дорои имконоти махсус гирди ҳам меорад. Онҳо дар ин маҳфил маҳсули эҷоди худро қироат мекунанд ва он миёни аъзои маҳфил баррасӣ мешавад.
Ҳамчунин чистонгўиву байтбарак ҳам аз ҷумлаи барномаҳои ин маҳфил аст.