Аз аввалин рӯзҳои моҳи май, ки солгарди пирӯзӣ дар ҷанг бо фашизм наздик мешавад, Шуъбаи хизматрасонии махсус дар фикри ташкили як намоиш китоб бахшида ба ин рӯз шуд. Беҳтарину маъруфтарин китобҳо ба ин мавзуъ, ки солҳои гуногун рӯйи чоп омадаву аз корномаҳои корзори ҷанг ҳикоят мекунанд, аз зуҳри дирӯз ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Китобҳои “Достони писари Ватан”-и Мирзо Турсунзода, “Ҳазору як корнома”-и Раҳмон Сафаров, ки соли 2000 дар шаҳри душанбе нашр шудааст, “Аскарони ғалаба”, ки дар таҳияи генерал Абдулло Ҳабибов ва журналист Раҷаби Мирзо таҳия ва соли 2015 чоп шудааст, “Китоби хотира”, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ соли 2010 рӯйи чоп дид, “Ватаннома”-и Қурбонҷон Сангинӣ, “Иди зафар”, ки З.Воҳидов мураттаб кардааст, “Далерон”-и Борис Исҳоқов, “Хистеварз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Умре дар набард”, “Сарбозони далери варзобӣ”, “Аз Хоҷамастон то олам” ва чандин асари дигар аз ҷумлаи китобҳои ин намоиши китобанд.
Хонандагон ҳоло имкон доранд бо ин номгӯ дар толори хониши Шуъбаи хизматрасонии махсус, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.