“Родмардони далери Ватан”

   Баъд аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҷанговарони интернатсионалист таҳти унвони “Родмардони далери Ватан” доир гардид.

   Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт ва барояшон беҳтарин хушиҳои оламро таманно кард.  

   Баъдан, Шавкат Мирзоев – раиси Иттиҳоди интернатсионалистони Тоҷикистон,  муовини фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамиён Абдурашид Ҳотам суханронӣ карданд.

    Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буда, аз базму суруд иборат буд. Дар ин қисмат сарояндаи шинохта Фотима Машрабова ва сарояндагон ва аъзоёни фаъоли шуъбаи маъюбон: Матлуба Раҳимова, Заринаи Абдураҳим, Мавзунҷони Ғафурзод, Сафаралӣ Тошев бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод намуданд. Ҳамзамон, ҳунарпешаи шинохтаи кишвар Дустмурод Шарипов бо ҳаҷвҳои намакини хеш табъи иштирокчиёнро шод гардонид.

  Дар охир, аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба меҳмонони чорабинӣ, ки аз Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташриф оварда буданд, бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардиданд.

 

 Фарзонаи МИРЗО