Мизи мудаввар аз мушкили шахсони дорои имконоти маҳдуд

Субҳи дирӯз, 22-уми феврал дар шуъбаи хизматрасонии махсус мизи мудаввар таҳти унвони «Иваз намудани афкори ҷомеа нисбати шахсони имконияташон маҳдуд ва ҷорӣ намудани таҳсилоти фарогир» доир гардид.
Холмаҳмад Тенгниев-Раиси бахши Итиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин аъзои Кумитаи иҷроияи Иттифоқи нобиноёни Осиё ва ҷаҳон дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиронро ба рӯзи Артиши миллӣ муборакбод кард ва гуфт ин чорабинӣ дар остонаи иде баргузор мешавад, ки ба амнияти кишвару шаҳрвандон иртибот дорад.
Холмаҳмад Тенгниев дар мавзўи «Иваз намудани афкори ҷомеа нисбати шахсони имконияташон маҳдуд» баромад намуда, роҳҳои осон намудани мушкилии маъюбон, хусусан нобиноёнро дар зиндагӣ тариқи видеороликҳо фаҳмонид. 
Баъдан, Сиёвуш Илясов дар бораи ҳуруфи брайлӣ – хати барҷаста барои навиштани нобиноён ва таърихи ташаккули ин ҳуруф суханронӣ кард ва бо воситаи видеороликҳо фикри худро тақвият бахшид.
Дар чорабинӣ аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус ва кормандони Китобхона ширкат карданд.  

Фарзонаи МИРЗО