Файзи Ваҳдат

21 сол мешавад, ки 27 июн дар Тоҷикистон ҳамчун рўзи Ваҳдати миллӣ рўзи истироҳат эълон гардида, ин санаи муборак ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар тўли ин 21 сол тамоми гурўҳҳои салоҳбадасте, ки созишномаи истиқрори сулҳро пуштибонӣ намуданд, ба кору фаъолият ҳидоят шуда, дар тақвият ва барқарории ҳокимияти конститутсионӣ саҳми босазо гузоштанд. Даставу гурўҳҳое, ки яроқҳои худро насупорида, ба бедодию қатлу ғорати аҳолии кишвар машғул буданд, аз тарафи мақомоти дахлдор ва сарбозони содиқи ватан безарар гардонида шуданд.

27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари нерўҳои мухофилони тоҷик  Саид Абдуллоҳи Нурӣ созишномаи сулҳи тоҷикон ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро дар ҳузури Президенти Федератсияи Русия Борис Елсин ва намояндагони Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва дигар созмону ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ ба имзо расониданд.

Дар мулоқоту вохўриҳои сулҳи тоҷикон саҳми босазои ин созмонҳо хеле ҷиддӣ буда, онҳо корҳои хайреро ба анҷом расониданд. Давоми солҳои 1992-1997 зиёда аз нўҳ мулоқоту вохўрӣ ва нишастҳои алоҳидаи гурўҳҳои мухолифони тоҷик бо намояндагони Ҳукумати конститутсионӣ дар сатҳи баланд дар Теҳрон, Кобул, Ишқобод, Алма-Ато, Бишкек ва Маскав сурат гирифт.

Барои оштӣ додани тарафҳо ва ором кардани алангаи оташи ҷанги дохилӣ, таҳмилӣ ва бародаркўш аввалин созмону ташкилоти байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтарҳои худро ифтитоҳ намуданд. Кори хуби созмонҳои «Духтурони бидуни марз», «Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон” САҲА ва ғайра қобили қайд аст.

Ҷанги таҳмилӣ ба кишвар хисороти зиёд овард. Сўхтори хонаҳои истиқоматӣ, нобуд шудани молу мулки ҷамъиятӣ дар ҳама ҷо мушоҳида мешуд. Аҳолии зиёди ноҳияҳои марзӣ гуреза шуда, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд. Камп (лагер) –ҳои алоҳида – лагерҳои муҳоҷирони тоҷик, дар шаҳри Кундуз, Толиқон, Мазори Шариф таъсис дода шуданд. Тибқи маълумоти «Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон” шумораи умуми муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон зиёда аз шаст ҳазор (60000) –ро ташкил медод. Муҳоҷирони тоҷик ба ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ўзбакистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ фирор карда буданд, ки шумораи онҳо тақрибан 15-20 ҳазорро ташкил медод. Шумораи муҳоҷирони дохилӣ, ки хонаҳои худро тарк карда буданд, то ба як миллион мерасид. Муҳоҷирони дохилӣ аксар аз вилояти Қурғонтеппа буда, ба шаҳри Душанбе, минтақаҳои Кўлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ, махсусан ба ноҳияи Рашт фирорӣ шуда буданд.

Дар тўли 21 соли пас аз ба даст омадани Ваҳдати миллӣ мо ба бисёр дастоварду комёбиҳо ноил гардидем: роҳҳои зиёд ва нақбҳои дорои аҳамияти байналхалқӣ сохта шуданд, сохтмони НОБ –и Роғун, ки чандин сол боз мавқуф монда буд, аз нав шуруъ гардид, муассисаи бошукўҳе аз қабили Китобхонаи миллӣ сохта ба истифода дода шуд, ки бинои он аз ҷиҳати бузургӣ дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Ва аз даҳҳо ин гуна иншоотҳои бузург метавон соатҳо ҳарф зад, ки ҳамаи ин самараи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ буд.

Оид ба ин рўзи таърихӣ, яъне рўзи ба имзо расидани созишномаи Ваҳдати миллӣ, чандин ноҳия, кўчаву хиёбон, қасру кохҳои фарҳангӣ номгузорӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, ноҳияи Кофарниҳон ба ноҳияи Ваҳдат ва Кохи арбобони сиёсӣ ба Кохи Ваҳдат табдили ном карданд.

Акнун 21 сол мешавад, ки 27 июн дар Тоҷикистон ҳамчун рўзи Ваҳдати миллӣ рўзи истироҳат эълон гардида, ин санаи муборак ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар тўли ин 21 сол тамоми гурўҳҳои салоҳбадасте, ки созишномаи истиқрори сулҳро пуштибонӣ намуданд, ба кору фаъолият ҳидоят шуда, дар тақвият ва барқарории ҳокимияти конститутсионӣ саҳми босазо гузоштанд. Даставу гурўҳҳое, ки яроқҳои худро насупорида, ба бедодию қатлу ғорати аҳолии кишвар машғул буданд, аз тарафи мақомоти дахлдор ва сарбозони содиқи ватан безарар гардонида шуданд.

Имсол низ иди Ваҳдат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Чумҳурии Тоҷикистон чун солҳои гузашта ва ҳатто аз он ҳам бо шукуҳу шаҳомати бештар ҷашн гирифта шуд. Ҳанўз ҳам чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт ва гўшаву канори дурдасти кишвар бо тантана баргузор карда мешаванд. Мулоқоту вохўриҳо, семинару конфронсҳо дар ҳар як корхонаю муассиса, мактабу донишгоҳ гузаронида мешаванд. Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва радиёву телевизион мутахассисон ва шахсони алоҳидае, ки дар ин чорабинӣ саҳми бевосита гирифта буданд, бо мақолаҳои илмӣ ва илмӣ –оммавӣ баромад мекунанд.

Моро зарур аст, ки ин сулҳи дар баҳои қурбонию ҳисороти зиёд бадастомадаро ҳамаҷониба нигоҳбонӣ намуда, аз сар задании мушкилоту проблеммаҳои дигар пешгирӣ намоем.

Чӣ зиёӣ, чӣ низомӣ, чӣ уламои дин, хуллас, ҳар як шаҳрванди ин сарзамини биҳишосо бояд аз гузаштаи талхи таърихамон, ки дар марҳалаи аввали ба даст омадани истиқлолият моро насиб гардида буд, хулосаҳои зарурӣ бароварда, арзишмандӣ ва аҳамияту зарурати нигоҳ доштани Ваҳдати миллиро ба аҳли байт, фарзандону ҳамкорон, ҳаммаслаку ҳамсабақҳои худ ташвиқу талқин намояд, то ки Тоҷикистони зебои мо дар зери офтоби сулҳу Ваҳдати бебозгашт боз ҳам ободу зеботар гардида, дар арсаи байналхалқӣ ҷои намоёну арзандаеро сазовор гардад.

Гуландом Заурова
Сармутахассии
Маркази «Тоҷикшиносӣ»