Бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши асолати миллӣ дар худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ-оммавӣ баргузор гардид.
Конфронс директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода ифтитоҳ намуд ва дар бораи худшиносӣ ва дарки Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад.
Сипас, шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ андешаҳои худро дар мавзуъи «Шинохти асолат ҳамчун рукни хештаншиносии миллӣ» иброз намуд.
Бостоншинос, профессор Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ маърӯзаи худро ба мавзуъи «Нақши асолати миллӣ дар худшиносии миллӣ» ихтисос дод. Вай зимни суханронӣ аз саҳми арзишманди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ дар тавсеъаи худшиносии миллӣ ҳарф зад.
Ҳамчунин дар конфронс директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои ҷумҳурӣ Сахидод Раҳматуллозода таҳти унвони «Нақши забон дар худшиносии миллӣ» андешаронӣ намуд.