Ҳамнишини китоб қудратманд аст
Яке аз қадимтарин асарҳое, ки дар рўйхати китобҳои тавсияшудаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» барои иштирокчиён гузошта шудааст, китоби «Динкард» аст. «Динкард» донишномаи динӣ ва яке аз манбаъҳои муҳими боварҳо, фарҳанг ва забони ниёкони мо дар давраи бостон дониста шудааст. «Динкард» ифодакунандаи нақш ва саҳми гузаштагони миллати тоҷик дар масири тамаддуни ҷаҳонист. Ин китоб ба рост зистан, рост гуфтан, душманӣ варзидан бо дурўғ даъват карда, дар он дурўғ ҳамчун дев тасвир меёбад. Боиси ифтихор аст, ки ниёкони мо аз оғози таърих дар андешаи ба ростӣ тарбият кардани наслҳои худ ва умуман, башар будаанд.
Кош будам чун китоб уфтода дар кунҷе хамўш,
То нагардад рў ба рў ҷуз мардуми доно маро.
Дар ҳар давру замон ва бахусус дар шароити кунунии давлатдории миллати мо, ки ба даврони ҷаҳонишавӣ рост омадааст, нақши китобу китобдорӣ ва китобхонӣ барои ҳифзи асолати миллӣ ва эҳсоси ватандорию ватандўстии мо басо муҳим ва зарурист.
Миллати тоҷик яке аз нахустин миллатҳои аҳли китоб ва аҳли мутолиа ба шумор меравад ва ин ҳақиқат, ҳақиқати бебаҳси таърихист. Далели ин гуфтаҳо китоби «Авасто» аст, ки аз аввалин осори тамаддуни мо ва аз куҳантарин китобҳои таърихи башар ба шумор меравад.
Мутолиа, шуруъ аз «Готҳо»-и Зардушт, ки қисми куҳантарини «Авасто» аст ва ҳама он кутубу авроқе, ки ба мерос гирифтаем, моро ба илму дониш ва хештаншиносӣ мерасонад. Мутолиаи «Готҳо» ба кас эҳсоси ифтихор мебахшад, ки ниёконамон дар умқи таърих то чӣ андоза андеша, гуфтор ва кирдори неку башардўстона доштаанд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 феврали соли равон тасвиб шуд, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти кишвар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа дар давоми соли 2019 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» баргузор мегардад.
Масъулони озмун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” вазоратҳо, кумитаҳо, мақомоту вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки озмун аз рўи чор номинатсия: 1) аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик; 2) аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик; 3) аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ; 4) аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон дар чор марҳала доир мегардад.
Ҳамчунин, мукофотҳои озмун аз 13 000 то 50 000 сомонӣ муайян карда шудааст.
Яке аз қадимтарин асарҳое, ки дар рўйхати китобҳои тавсияшудаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» барои иштирокчиён гузошта шудааст, китоби «Динкард» аст. «Динкард» донишномаи динӣ ва яке аз манбаъҳои муҳими боварҳо, фарҳанг ва забони ниёкони мо дар давраи бостон дониста шудааст. «Динкард» ифодакунандаи нақш ва саҳми гузаштагони миллати тоҷик дар масири тамаддуни ҷаҳонист. Ин китоб ба рост зистан, рост гуфтан, душманӣ варзидан бо дурўғ даъват карда, дар он дурўғ ҳамчун дев тасвир меёбад. Боиси ифтихор аст, ки ниёкони мо аз оғози таърих дар андешаи ба ростӣ тарбият кардани наслҳои худ ва умуман, башар будаанд.
Дар баробари китобҳои дигари тавсияшудаи озмун асарҳо аз 38 адиби классики форсу тоҷик низ оварда шудааст, барои мисол, ҳикояте аз “Бўстон”-и Саъдии Шерозӣ. Ин ҳикоят бахусус, дар ҷаҳони имрўз моро бештар ҳушманд месозад.
Ҳикоят
Яке гуфт бо сўфие дар сафо:
«Надонӣ, фалонат чӣ гуфт аз қафо,
Бигуфто хамўш, эй бародар ба хуфт,
Надониста беҳтар, ки душман чӣ гуфт.
Касоне, ки пайғоми душман баранд,
Зи душман ҳамоно, ки душмантаранд.
Касе қавли душман наёрад ба дўст,
Ҷуз он кас, ки дар душманӣ ёри ўст.
Наёраст душман ҷафо гуфтанам,
Чунон, к-аз шунидан биларзад танам.
Ту душмантарӣ, к-оварӣ дар даҳон,
Ки душман чунин гуфт андар ниҳон.
Суханчин кунад тоза ҷанги қадим,
Ба хашм оварад некмарди салим.
Аз он ҳамнишин, то тавонӣ гурез,
Ки мар фитнаи хуфтаро гуфт: «Хез!»
Сияҳчолу мард андар ў баста пой,
Беҳ аз фитна аз ҷой бурдан ба ҷой.
Миёни ду тан ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Ҳамчунин дар озмун барои аз ёд кардани намунаҳо аз навъҳои гуногуни шеъри (ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ ва ғайра) шоирони классик ва муосири форсии тоҷикӣ низ тавсия дода шудааст.
Вақте наврасону ҷавонон ба шеъри ноби классикии форсии тоҷикӣ ва умуман, ҳар навъи шеър рў меоранд ва зери таъсири он тарбият меёбанду набзи дилашон ҳангоми шеърхонӣ метапад, умед аст, ки шахсони рўҳан солим ва соҳибзавқи ҷомеа бар камол мерасанд.
Шоҳбайтҳое, ки дар ғазали Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ омадааст, дар зеҳни хонанда маърифату шинохти зебоӣ ва хуб диданро шарти инсонӣ дониста, ҳифзу нигаҳ доштани розро талқин мекунад.
Ишқро бемаърифат маъно макун,
Зар надорӣ, мушти худро во макун.
Гар надорӣ дониши таркибранг,
Байни гулҳо зишт ё зебо макун.
Хуб дидан шарти инсон будан аст,
Айбро дар ину он пайдо макун…
Китоби дигаре, ки дар озмун пешниҳод мешавад ин «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аст. «Футувват» дар луғат ба маънии ҷавонмардӣ омада ва дар ин асар Кошифӣ шуҷоату саховат, омўхтани илм, парҳез аз ҳамнишинӣ бо бадон, эминӣ аз ғайбату дурўғ ва роз пўшиданро аз оини ҷавонмардӣ дониста ва дар ҳар як фасл батафсил шарҳ додааст. Шинохти арзишҳое, ки дар ин китоб тавсиф мешаванд, дар рўзгори мо, ки раванди беқадр сохтани арзишҳои умумибашарӣ сахт ҷараён дорад, ба назари мо мубрам аст.
Шукронаи Истиқлоли Ватан, ки бо дастгирӣ ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин даврон китобҳои «Қуръони Карим» ба хати кириллӣ, «Авасто», «Динкард», «Мероси хаттии бостон» (қисмҳои 1-2), «Таърихи Байхақӣ», «Таърихи Табарӣ» «Намунаи адабиёти тоҷик», «Донишномаи кўдакон ва наврасон», «Шоҳномаи Саолибӣ», шакли пурраи китоби «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва китобҳои зиёди дигар рўи чоп омад. Дар баробари ин китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» аз ифтихороти миллати мост. Моро мебояд, то бо дида ва назари бедор дар мутолиа бикўшем, боз ҳам бештару бештар дар паи ҷустуҷў бошем, то дар оянда мустақилона роҳи дурустро интихоб карда тавонем, ки бидуни мутолиа ғайриимкон аст.
Китобе аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Чеҳраҳои мондагор», ки соли 2016 ба табъ расид, дар бораи 25 чеҳраи баргузидаи илмию адабӣ ва таърихию сиёсиамон, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз доранд, мавриди баррасии амиқ қарор гирифтааст. Бешубҳа, мутолиаи китоби мазбур дар бедорӣ ва камоли зиракии сиёсии мо муассир ва мусоид аст.
«Ҳикмати озодагон»-и устод Назри Яздонӣ китобест, ки хонандаро ба илмомўзӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват месозад, хусусан дар шароити кунунӣ. Ба ҳамин маънӣ дар китоби «Ойини ойина» омада: «Ин асар ҳушдорест хирадмандона, огоҳонаву донишмандона, ки мухотабонаш бештар ҷавононанд ва ҳанўз дар оғоз ва ё авҷи роҳи пур аз гирдобҳои пайдову ниҳон ва шебу фарози ҷаҳони муосир бо ҳама имтиёзҳову хатарҳои он, қарор доранд».
Умед аст, ки бо эълони ин озмун сафи китобхонҳо, махсусан, миёни наврасону ҷавонон зиёд мегардад. Танҳо рўй овардан ба донишу маърифат моро аз мушкилоти зиёд нигаҳбон аст.
Бисёр зарур менамояд, бо исрор пешниҳод кунем, ки озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ…» ҳар сол баргузор шавад. Инчунин, дар доираи ин озмун барои тоҷикони бурунмарзӣ, хусусан тоҷикони кишвари дўсту ҳамсояи Ҷумҳурии Ўзбекистон як номинатсияи алоҳида пешбинӣ гардад.
Убайдуллоева Манижабону
Мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»