Бартарияти китобҳои чопӣ аз китобҳои электронӣ
Ҳ еҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд, Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Воқеан, инсон аз илми худ он вақт баҳравар мешавад, то он ки дар назди устоди худ таълиму тадрис бигирад. Устод ба шогирд ҳамеша китобҳоеро дар фаъолияти кори илмиаш тавсия медиҳад, ки воқеан барои ў зарур ва муфид бошанд. Ман дар ин хусус, мехостам саъю кўшиш ва таҷрибаи худро дар барои китобхонию китобдорӣ ба хонандаҳои азиз каме иттиллоъ диҳам.
Китобхонӣ ва донишандузӣ ягона роҳ ва равишест, ки инсонро ба қуллаҳои баланди эҷодиву илмӣ мерасонад. Ман дар ин матлаб бештар дар масъалаи мутолиаи китобҳои чопӣ ва электронӣ диққат карда, як нуктаи муҳимро баён карданӣ ҳастам. Ин таҷрибаи илмӣ-пажўҳишӣ мебошад, ки манфиати хондани китобҳои чопӣ аз китобҳои электронро баррасӣ мекунад, ки оё хондани китобҳои электронӣ муфид аст ё чопӣ? Кадоме аз онҳо ба ақлу зеҳнӣ инсон фоида ва натиҷаи хуб медиҳад? Дар ин маврид бояд қайд намуд, ки имрўз мутолиаи китобҳои электронӣ аз китобҳои чопӣ зиёдтар ба чашм мерасад. Мо дар ин масъала таҳқиқотҳои аҷиберо бо хонандаҳо гузарондем, ки мавриди тазаккур аст.
Мо як синфро, ки иборат аз сӣ нафар хонанда буд, барои мутолиаи як достон интихоб намудем. Барои хондани ин достон понздаҳ нафари онҳоро ба нусхаи чопӣ ва понздаҳ нафари дигарро ба нусхаи электронӣ дар як муҳити орому осоишта сафарбар намудем. Пас аз хондани достон, мо аз ҳар ду гурўх натиҷагирӣ намудем. Фикру андеша ва фаҳмиши онҳоро муқоиса намудем. Таҳқиқот нишон дод, ки хонандаҳои нусхаи чопӣ бисёр ҳозирҷавоб будаанд. Бадоҳатан тавзеҳу тавсифи маънои достонро хуб баён менамуданд. Пас аз ин тадқиқот маълум гардид, ки хондани нусхаи чопӣ барои хонанда рўҳу илҳом ва нақши асосиро барои дар хотираи инсон нақш бастани маълумоти зарурӣ мебозидааст. Ҳамзамон аз ин таҳқиқот метавон хулоса кард, ки хондани нусхаи электронӣ он қадар ба зеҳну ақли инсон маълумоти кофӣ ворид карда наметавонистааст, чунки ҳангоми хондани китобҳои электронӣ дар компютер ҳушу хаёли инсон ба дигар барномаҳо (бозиҳо, видеоҳо, суратҳо, интернет, телефонкунӣ) ё дигар машғулиятҳое, ки истифодабарии онҳо дар компютер ё дар телефон дар вақти мутолиа ва аз худ намудани мавзўъ нолозим ҳастанд, андешаи хонандаро бештар ба худ ҷалб менамояд. Инчунин ўро дар ҳаёт мавриди фиреб қарор дода ва вақти пурарзишу гаронқадри худро ба ҳар гуна ҳаракатҳои фиребдиҳанда ва суднаоранда сипари мекунад. Дар бобати пурарзиш будани вақт Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар «Куллиёт»-ӣ худ чунин фармудааст:
Ту, ки аз асли замон огаҳ наӣ,
Аз ҳаёти ҷовидон огаҳ наӣ.
То куҷо дар рўзу шаб бошӣ асир,
Рамзи вақт аз "лӣ маъаллаҳ" ёд гир.
Ину он пайдост аз рафтори вақт,
Зиндагӣ сиррест аз асрори вақт.
Асли вақт аз гардиши хуршед нест,
Вақт ҷовид асту хур ҷовид нест.
Эй чу бў рам карда аз бустони хеш,
Сохтӣ аз дасти худ зиндони хеш.
Ё фармудаи устод Лоиқи зиндаёд:
Лек тадбир куҷост?
Гарчи дирўз бо сад саҳву хатое бигузашт,
Рўзи дигар ба дигар саҳву хато мегузарад.
Чу ба таҳқиқ ту бар хилқати одам нигарӣ ,
Ростӣ,
Ин ҳама аз кўтаҳии ақли расо мегузарад.
Дар ин сурат бояд зикр намуд, ки хонанда китобҳои электрониро зуд ва безаҳмату машаққати зиёд ба даст меорад, бинобарин ба қадру қиммати он кам мерасад. Хушбахтона, имрўз дар тамоми гӯшаву канори кишвар китобхонаҳои зиёд вуҷуд дорад, ки хонанда метавонад, дилхоҳ китоби лозимаи худро дастрас карда, мутолиа намояд, вале ҷавонон роҳи осони корро ҷўста, рў ба китобҳои электронӣ меоранд. Хушбахтона, имрўз Пешвои миллат дар маркази Ҷумҳурӣ бинои боҳашамати Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бо тамоми шароити байналмилалӣ сохта ба истифода дод, ки ин барои мардуми тоҷик як тўҳфаи арзишманде маҳсуб мешавад. Имрўз хонанда метавонад, аз ин китобхона китоби лозимаро тавассути шабакаҳои интернетӣ ё китобхонаи электронӣ ҷустуҷў карда, дастрас намояд.
Шояд гўянд, ки имрўз асри ХХI аст, асри пешрафти техника ва технологияи муосир аст, чаро мо аз ин гуна пешравиҳо баҳравар нашавем ва аз истифодаи китобҳои электронӣ даст бикашем. Ин дар ҳолест, ки барои ҳамагон ба таври ройгон ба даст меояду ва дар ҳама ҳолат мавзўъро метавон мутолиа кард. Барои мо чӣ лозим аст китобҳои чопӣ? Ҳар ду як хел ва як мазмунро доранд? Дуруст аст, ки дар якчанд ҳолатҳо метавонӣ аз маводи электронӣ истифода бурд. Масалан: аз ҷое ба ҷое сафар кардан, ҷустуҷўи сарчашмаҳо, боду ҳаво, иттилоот, ҳуҷҷатнигорӣ, чопи маводи лозима, ҳисобу китоб, зебу зинати ашё, сохтори нақшаҳо, барномаҳо ва дигар маводе, ки кори онҳо он қадар вақти зиёдро намегиранд ва танҳо барои иҷрои ҳамин гуна сохторҳо аз компютер истифода кардан, албатта ба манфиати кор ва сарфаи вақт аст. Вале набояд инсоният ҷиҳатҳои манфии онро фаромўш кунад.
Хонандаи муҳтарам! Хотиррасон бояд кард, ки мутолиаи чунин китобҳо якбора ду зиёнро ба саломатии шумо мерасонад. Аввалан аз меъёр зиёд истифода бурдани телефон ё компютер низ зарари зиёде дорад, чунки инсон дар иҳотаи мавҷҳои электронӣ қарор мегирад ва инчунин китобхонӣ ба як- ду соат хотима наёфта, вақти тулонии зиёд зери таъсири мавҷҳо қарор мегирем. Дигар ин ки аз нусхаҳои электронӣ истифода бурдан дар хотираи инсон нақши хуб намебандад ва аз заҳамотамон начандон ҳосили хуб хоҳем бардошт. Акнун, мо ҷиҳатҳои зараровар будани онро муфассалтар зикр хоҳем кард.
Вақте ки инсон аз компютер ва телефон китоб мехонад ё ин ки менависад ҳарду тавассути ангуштон идора карда мешавад, ки аз ҳама ҷойи хуни тозаву тезҳаракат дар сари ангуштон аст ва махсус ба ин андеша диққат кунед, ки тамоми табибони дунё, ҳама намуди хунро аз ҳамин ҷо ташхис ва муайян мекунанд, чунки хуни бадани инсон доимо тавассути дастону пойҳо ҳамеша ҳаракат мекунад. Дар компютер ва телефон нурҳои магнитии зарарноке вуҷуд доранд, ки ҳангоми истифода нурҳояшон, таъсири манфӣ бо гардиши хуни заҳрнок ба тамоми узви бадани инсон тоб хўрда, ба майнаи сар таъсирашро мерасонад. Баъдан, ҳуҷайраҳои майнаи сарро хароб карда, ба он қисмати ҳуҷайраҳо, ки муҳофизати инсоншиносиро устувор нигоҳ медорад, карахт карда, инсонро ба фаромушхотирӣ оварда мерасонад.
Имрўз аксарияти фаромушхотирии мардум аз истифодаи зиёд техникаҳои муосир мебошад. Ман ҳеҷ гоҳ зидди истифадабарии ин техникаҳо нестам, аммо инсон бо як ақли заковату фаҳмиши баланд баҳравар шавад ва дидаву дониста худро бо дастони худ ба ҳалокат наяндозад ва ҳама чизро бо меъёраш баҳраҷўӣ кунад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки имрўз хотироти марди 50- сола аз ҷавони 25- сола беҳтар аст, чунки аксарияти калонсолон аз истифодаи ҳамин гуна техникаҳо кам баҳравар мебошанд. Шумо бо диққат таваҷҷўҳ карда истед, ки ҳар оина инсон минбаъд ба ин дард гирифтор мешавад ва ё на? Агар ин таҷҳизотро истифода кардан хоҳӣ, пас бо меъёри муайян истифода кун, зеро аз он зиёдаш ба саломатии шумо зиёни шадиде мерасонад ва ин зиёнро метавонӣ танҳо тавассути варзиш, аз ҷумла, (машқи бадан, давидан, паридан, ҷаҳидан)ва дигар анвоъи варзишӣ дур хоҳӣ кард, аммо мутассифона қисмате аз зарарҳо ҳаргиз бартараф намешаванд.
Ба андешаи ман хонанда ё истифодабаранда борои ҷустуҷўи сарчашма ва маъхазҳои зарурӣ ба ин техникаҳо муроҷиат кунад ва вақте ки пайдо кард, дарҳол рў ба китоб биоварад ва дар сурати пайдо гардидани нусхаҳои анъанавӣ ё ба истиллоҳ чопӣ боқимондаи иттилоотро аз китоб хонда маълумот гирад. Дар баробари ин, аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки ба фарзандони худ аз синни 15- 16 солагӣ иҷозати истифадабарии ин таҷҳизотҳоро диҳанд, чунки ба чашм, дил, ва ба харобшавии асаби онҳо нурҳои заҳролудшавандаи худро мерасонад, зеро ақлу ҷисми кўдак бисёр латифу нозук ва тез қабулкунанда мебошад. Моддаҳои заҳрнокии худро ҳарчи асари зиёдтар дар ҷисми кўдак ворид мекунад ва дар муддати кўтоҳ таъсири микроб кўдакро маъюб ё ноқисулақл ба воя мерасонад. Аммо таъсири он ба ҷисми калонсолон бошад оҳиста-оҳиста нуфўз мекунад. Тарзи дурусти истифодаи компютерро ба фарзандонатон омўзонед, мутахассисони варзида дар ин маврид чунин пешниҳод кардаанд, ки риояи он ҳангоми истифода хеле зарур ва ҳатми мебошад:
Ҳангоми истифода бурдани комютер на камтар аз 70 см дуртар аз назди он қарор гирифтан.
Баъди ду-се соат истифода кардани компютер ва телефон, на камтар аз ним соат ба варзиш машғул шудан.
Дар як рўз, бояд ҳадди ақал 200 гр ҷурғот ё ғизоҳои ширӣ нўшидан.
Ҳар рўз як - ду соат ба варзиш бадан машғул шудан.
Мусаллам аст, ки аксарияти кори имрўза тавассути компютер амалӣ шуда истодааст, бахусус, дар корхонаҳо, ки кормандон тақрибан 8-соат аз назди компютер дур намешаванд ва ба саломатии худ (чашм, дил, асаб, беҳолатӣ ва бемадорӣ)-и худ аҳамият намедиҳанд, ки риоя накардани чунин талаботҳо оқибати хубе надоран. Пайваста табибон тавассути васоити ахбори омма, оид ба зиёни он доимо таъкид мекунанд, ки дар баробари истифода кардани ин таҷҳизот аз зарари он низ огоҳ бошанд.
Сайдакбар Абдулазиззода
Корманди Маркази Тоҷикшиносии
Китобхонаи миллии Тоҷикстон,
аспиранти Донишгохи Миллии Точикистон.