Муборизаи қаҳрамононаи мардуми Афғонистон барои истиқлолият диққати мардуми тараққипарвари дунёро ҳама вақт ба худ ҷалб намудааст. Ҳамчунин, рўз то рўз таваҷҷўҳи бештаре ба таърихи фарҳанги ин кишвар ва ҳолати имрўзаи он дода мешавад.
Матбуот ва нашри литографӣ дар мамлакатҳои мусулмонии Шарқ, аз ҷумла Афғонистон, назар ба дигар кишварҳо дертар ба вуҷуд омад. Сабаби асосӣ вазъияти ногувори иқтисодии мамлакат ва ҳамзамон, мавқеи ҷуғрофии он мебошад.
Дар давраи гузаронидани ислоҳот дар Афғонистон, мактабҳои нав бунёд ёфтанд. Теъдоди зиёди ҷавонон барои таҳсил ба Аврупои Ғарбӣ фиристода шуданд ва ҳамчунин дастгоҳҳои табъу нашр, ки рўзномаҳои замонавӣ, китобҳои дунявӣ ва дигар ҳуҷатҳоро чоп мекарданд, харидори шуда ба кишвар оварда шуданд.
Новобаста ба шумораи зиёди адабиёти чопшуда оид ба таърихи Афғонистон, хусусан, охири солҳои 60 ва миёнаҳои солҳои 70 – уми асри XIX, то ҳол ба хонандаи имрўза ном ва шумораи як қисм ва рўзномаҳое, ки дар ин замон ба нашр расидаанд, возеҳу рўшан ва аниқу дақиқ нестанд. Чунин ҳолат зарурати баррасӣ ва таҳлилу омўзиши воқеаву ҳодисаҳои гуногуни дар кишварҳои Шарқи Наздик рухдодаро ба миён меорад.
Чуноне ки маълум аст, таърих на аз рўи гуфтаҳои тафаккури оммиёна, муболиғаҳои шахсони алоҳида, таҳлилу омўзиши рўякӣ, балки аз рўйи зиндагии воқеии ин ё он халқ бо истифодаи ҳамаи сарчашмаҳое, ки дар онҳо фарҳангу тамаддун, кору амал, осору эҷод, урфу одат ва дигар унсурҳои зиндагии мардум таҷассум ёфтааст, шакл гирифтааст.
Вазъияти ногувори ҷомеаи Афғонистони онрўза барои рушди ҷаҳонбини ва тафаккури мардум монеаҳои зиёд дошт. Кишвар аз ҷиҳати иқтисодию, иҷтимоӣ ва сиёсӣ хеле қафомонда буд. Дар ҳамин шароити вазнин дар Афғонистон матбуот пайдо шуд ва соли 1873 дар Кобул рўзномаи «Шамс- ун- наҳори Кобул» ба нашр расид.
Бахше аз пажӯҳиши ҳамкорамон Фирӯза Ғоибова, номзади илмҳои филологӣ, сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»-ро ин ҷо метавонед бихонед:
Рўзномаи «Шамс-ун-наҳори Кобул» манбаи пайдоши рўзноманигорӣ дар Афғонистон