Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳои КМТ

Шўъбаи абонементи байни китобхонаҳо (АБК) низ қадимитарин шуъбаҳои Китобхонаи миллист. Он соли 1933 таъсис ёфтааст. Ва мутобиқи “Созишнома оид ба ташкил намудани абонименти байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳо байни давлатҳои ИДМ (аз 19 уми январи соли 1999 ва бо қарори Шўрои иқтисодии ИДМ аз 16 уми марти соли 2001 «Низомномаи сексияии АБК давлатҳо –иштирокдорони ИДМ» тасдиқ гардид. Ин марҳила барои аз нав эҳё намудани абонементи хизматрасонӣ бо воситаи АБК асос шуд. 
Абонементи байни китобхонаҳо як шакли хизматрасониест, ки ба хонандагони як китобхона имкон фароҳам меорад аз хазинаҳои китобхонаҳои дигар бидуни мамониат истифода кунанд.  
 Хизматрасонӣ аз рўи АБК ва расонидани ҳуҷҷатҳо маҷмаъаи ягонаи хизматрасонии истифодабарандагони дурдаст ҳисоб меёбанд.
Вазифаҳои шуъба аз инҳо иборат аст:
-Таъмини пурра ва таъҷилии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз рўи дархостҳои АБК ва Расонидани ҳуҷҷатҳо (РҲ) мувофики соҳа;
-Ба истифодабарандагон ҳуҷҷатҳоро аз фондҳои худ ё фонди умумӣ дар намуди аслӣ ва ё нусхаҳои он барои истифодаи муваққатӣ ва доимӣ пешниҳод менамояд.
-Фонди ҳуҷҷатҳои аслӣ ва пешниҳоди мураттабии ҳуҷҷатҳо барои истифодаи муваққатии абонементҳои АБК ва РҲ инчунин фондҳо, нусхаҳои электронӣ барои қонеъ намудани талабот ба ҳуҷҷатҳо ва таъмини нигоҳдории фондҳоро ташкил мекунад.
-Талаботи абонементҳоро дар мавриди набудани хуҷҷатҳо дар фонди худ аз дигар шўъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ё китобхонаҳои дигари ҷумҳурӣ пайдо мекунад.
Хизматрасонӣ тавассути  абонентҳои  фардӣ  ва гурўҳӣ ройгон аст. Ҳангоми кушодани онҳо абонент шиноснома, пешниҳоди роҳбари корхона барои кушодани абонемент, ки ҳуҷҷати номзадӣ ва дараҷаи унвонҳои абонентро тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд. 
Ба қоидаҳои ба расмият даровардан ва фиристодани дархостҳо ба дигар китобхонаҳои ИДМ ва тарзи иҷроиши дархостҳоро дар Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос шудан мумкин аст.

Абонементи байни  китобхонаҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2015
Нуҳ моҳи Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо