Наврўзи Бадахшон

Чун Наврўзи оламафрўз дар фасли зеботарини сол - баҳор таҷлил карда мешавад, дар бисёр маврид васфи Наврўз бо баҳор сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки васфи Наврўз аввалан дар осори фолклори мардумӣ мақом пайдо кард ва баъдҳо ба адабиёти китобӣ ворид гардидааст.
Наврўз («Хидирайём») аз зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида, ба қавле, пайдоиши он ба замони Ҳазрати Одам ва Каюмарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри саввумӣ ба замони Ҳазрати Сулаймон ва ба қавли чаҳорумӣ ба асри зардуштиён  рост меояд ва боз андешаҳое ҳам роиҷанд, ки таърихи зуҳури ин ҷашнро ба навъи дигартаре бозгў сохтаанд. Дар маҷмўъ, ҷашни бостонист, ки асрҳо мардумон онро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам меояду сари сол аст, ҷашни баҳору ҷашни соли нав низ қаламдод мешавад.
Димишқӣ дар китоби «Нахбату -д -даҳр» изҳор кардааст, ки Наврўз аз айёме, ки чархи гардун ба гардиш омадааст, яъне аз он даврае, ки ҷомеаи инсонӣ пайдо шудааст, ид карда мешавад.
Наврўз рукнҳои махсуси худро дорад. Хонаҳоро пок кардан ва хўрокҳои болаззат пухтан имрўз дар ҷашни Наврўз то ба имрўз ҷорӣ аст. Дар афкори мардум ин андешаи марбут ба ид ҳамеша чархон аст, ки дар Наврўз ҳамаи мардум, ҳар ҷо ки бошанд, ба хонаи хеш бозмегарданд.  Агар касе ба ҷои дуртаре ҳам рафта бошад, кўшиш менамояд, ки худро  ба хонааш расонад.
         Ин андешаи Умари Хайём, ки на зардушист, низ дар ҷашни Наврўз то ба имрўз ҷойгузин мебошад. Чунончи, Ҳаким Умари Хайём менависад: «Ҳар ки рўзи Наврўз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврўзи дигар умр дар шодмонӣ ва хуррамӣ гузорад».
Ҳамин талаботи наврўзиро мардумон то ба имрўз риоя мекунанд. Ин пиндор ҳукми суннату қоидаро гирифтааст, ки агар одамон барои кадом коре ба ҳам қаҳрӣ шуда бошанд, дар иди Наврўз бо якдигар оштӣ мекунанд. Сабаб ҳамин аст, ки агар оштӣ накунанд, то Наврўзи соли дигар қаҳрӣ мемонанд. Барои ҳамин одамон мекўшанд, ки дар иди Наврўз ба ҳамдигар фақат сухани хубу гуворо гўянд, ғазаболуд нашаванд, ғамгин нагарданд, кинаву адоват, бадбиниро аз қалбҳои худ берун созанд, орзуҳои нек кунанд, ба ҳамдигар хушиҳоро таманно намоянд. Хуллас, аз кору сифату амалҳои бад  куллан парҳез менамоянд, то ин сифатҳо ҳамроҳи эшон ба соли нав интиқол наёбанд.
Суннат ва амалҳои Наврўз хеле зиёданд ва аксарияти онҳо дорои рамзҳои хоса мебошанд. Баъзе рукнҳои наврўзӣ ҳатто вақту соати муайяни иҷро доранд ва бидуни он вақту соати муайяншуда пиёда кардани ин амалҳоро пешомади бад ва фоли нохуб арзёбӣ мекунанд.
Масалан, дар Наврўзи Бадахшон  ин суннатҳо «соати иҷро» - и худро доранд: идона баровардан, ҷорўббандӣ, боҷ - алимов пӯхтан (шуғн.- як навъ хўрданиест, ки аз ғаллаи кўфташуда ва гўшт тайёр карда мешавад), хонатаконӣ, рўзи салом-салом ва ғайра.
         Яке аз рукнҳои Наврўзи Бадахшон «Чидирдед» (шуғн. –«чидир» -  чангу ғубор, «дед» – такондан, хонатаконӣ) мебошад. Аммо ин хонатозакунии муқаррарӣ набуда, қоидаҳои махсуси худро дорад. Чидири хонаро асосан занҳо ба ўҳда мегиранд ва тамоми бурҷу шифту фарши хонаро бо ҷорўбҳои махсус, ки саҳарии  барвақт  аз тарафи ҳамсояҳо баста шуда буданд (дуто савора - ба чуб басташуда ва дуто пиёда- бе чуб), тоза мекунанд. Он ҷорўбҳоро  баъди тоза кардани хона ба воситаи равзан ба боми хона мепартофтанд. Ба воситаи дари хона бароварда намепартоянд, чаро ки ғуборе, ки бо онҳо тоза карда шуд, чун «балои соли кўҳна» фаҳмида мешавад. Баъд   бо орд дар рўи тирчўбҳо, сутунҳо гулҳо месозанд, то онҳо аз «чидир» (ғубор)  - и  соли кўҳна  озод шуда шодӣ кунанд.
         Баъди он ки такондани хона ва гулкорӣ (бо орд) анҷом мепазирад, аҳли хонавода бо химчаҳои тару тоза, ки рамзи рўзгори бофароғат ва эҳёи табиат ҳастанд, ба хона ворид шуда «Шогун баҳор муборак» мегўянд ва дар посухашон соҳибхоназан, ки хонаро такондааст, «Бо рўйи Шумо муборак» мегўяд.        
Як рукни иди Наврўзи Бадахшон дар рўзи дуввум боҷ (ғаллаи кўфташуда бо гўшт) пӯхтан аст. Одамон дар вақти ҷўшидани боҷи наврўзӣ фол мекушоданд ва ба ҷўшиши об дар дег маъно мебахшиданду дар он маъно рамзҳо ворид шудаанд.
Аввалан, то ҷўшидани боҷ дар дег ба хона даромадан, аз хона баромадан ва гап задани дар хонабудагон мамнўъ аст. Мегўянд, ки агар касе аз аҳли хона то ҷўшидани боҷ гап занад, он сол соли ҷанҷолӣ мешавад.                             
         Дуввум, дар вақти ба дег андохтани боҷ толеъи аҳли хонаводаро  медиданд, яъне дар рўйи дег охлоқ (ғуллачўби андозааш ба даҳанаи дег баробар) мемонданд ва аз болои вай бо ду даст боҷ (ғаллаи кўфта) мерехтанд ва номи аҳли хонаро як-як ба забон мегирифтанд.

 

Дар ин амал чунин маъноҳо ва рамзҳо то кунун нуҳуфтаанд:
1. Ба қавли калонсолон, дар чаҳор гўшаи дег аз чаҳор навъи ғалладона меандохтанд, яъне: гандум, ҷав, боқило, арзан. Дег аз кадом тарафи ин намудҳои ғалладона меҷўшид, хулоса мекарданд, ки ҳамон навъи ғалладона дар соли нав серҳосил мешавад.   
2. Зани калонсоли хонавода дар рўйи дег охлоқ (ғуллачўб) монда, пас, номи ҳар як аҳли хонаро ба забон гирифта, ба рўйи охлоқ боҷ (ғаллаи кўфта) меандохт. Агар дар рўйи ғалтак бисёртар боҷ истад, гўё ҳамон шахс дар соли нав ризқу рўзии бештареро соҳиб мегардад ва баръакс.
3. Ҳамчунин ба он ҳам эътибор медоданд, ки нахуст об аз кадом тарафи дег меҷўшад. Агар об дар миёнаи дег ба ҷўш ояд, ин маънои онро хоҳад дошт, ки дар соли нав зиндагӣ орому тинҷ  хоҳад шудАгар об аввал дар паҳлуҳои дег ҷўшад, ин нишонаи нооромӣ дар он макон мебошад. Яъне, одамон дегро ба макони худ мушобеҳ сохта, ҷўшидани боҷро ҷўшу хурўши зиндагӣ тасаввур мекарданд ва ба ҷўшидани боҷу макони ҷўшидани боҷ маънои мустаор зам мекарданд.
Бозиҳои наврӯзӣ дар Бадахшон
Дар Наврўзи Бадахшон бозиҳои зиёде ташкил мешаванд ва яке аз онҳо, ки танҳо хоси Наврўз мебошад, бозии килоғузғуз мебошад. Қоидаи бозӣ он аст, ки дар рустоҳо шомгоҳи рўзи аввали ҷашни Наврўз  якчанд нафар назди равзани хона омада, рўймолчаеро ба ришта баста овезон мекунанд ва бо гуфтани байтҳо ҳадафашонро иброз медоранд, пас, чизи талабкардаро соҳибони хона даруни он рўймолча мегузорад ва онҳо рўймолчаро ҷониби худ мекашанд.
Ин бозӣ талабот ва ҷиддиятро низ дорост: Якум, ин бозӣ фақат дар як шаби иди Наврўз гузаронида мешавад ва дигар мамнўъ аст. Дуввум, аз вақти шом то ториктари он давом мекунаду тамом. Саввум, чун ид аст, иштирокчиёни бозӣ ҳатман бояд абёти марбут ба иди Наврўзро қироат кунанд ё суруди идона хонанд ва аз даргоҳи Худои  мутаъол барои аҳли хонавода хушҳолӣ таманно кунанд. Чаҳорум, дар ҳини бозӣ иштирокдорони он ҳатто барояшон чизҳои  қиматро (арўс)  низ талаб мекунанд. Панҷум, аз равзани хона (дар шаҳр ба воситаи дари хона) ба даруни хона дар рўймолча кулча гузошта, овезон мекунанд, ки аввалан, маънои ба аҳли хона фаровонӣ хостанро дорад ва сониян, ба маънои нияти софу пок омадани иштирокдорон мебошад. Шашум, ҳамаи суханҳои ширкаткунандагони бозӣ бояд дар чорчўби ахлоқ ва эҳтиром сурат гиранд. Ҳафтум, чун оғози шаб ва ё шаб аст, бо овози пасти шунаво ва бе ҳаёҳу сухан гўянд (шояд дар хона шахсе бемор ё тифле хоб бошад ва инчунин як рукни эҳтиром аст). 
         Дар баробари иштирокдорони бозӣ аҳли хонавода низ (асосан, шахсе, ки рўймочаи ба хона дарозшударо дошта, чизеро дар он мегузорад ва ба талабашон посух медиҳад) вазифадор мебошанд, ки баъзе корҳоро анҷом диҳанд:
Якум, ба муроҷиати иштирокдорони бозии Килоғузғуз бо эҳтиром посух медиҳанд ва онҳоро низ табрик мегўянд.
Дуввум, рўймолчаи дарозшударо хуб қабул мекунанд.
Саввум, чизи дар даруни он буда (кулча) - ро  мегиранд.
Чаҳорум, ба даруни рўймолча ҳатман чизеро (хўрданӣ, алъон бештар пул) меандозанд, холӣ мондани рўймолчаро фоли нек намеҳисобанд.
Панҷум, аз даруни хона бо овози пасти барои ширкаткунандагони бозӣ шунаво сухан мекунанд.
Шашум, агар чизи талабкардашуда дар хона набошад, ба ҷои он чизи дигареро ҳадя мекунанд.
Ҳафтум, агар ҳалли масъалае тўл кашад ё вақти зиёдтар хоҳад (масалан, арўс хостан, асп талабидан ва ғ.), иштирокдорони бозиро ба хона ё назди дари хона даъват мекарданд.
Ин нукта низ ниёз ба зикр дорад, ки дар иди Наврўзи Бадахшон орд мақоми хоса дорад: а) ба китфи рости аҳли хона ҳангоми ба хона ворид шудан мепошанд; б) хонаро бо орд тоза ва гулкорӣ мекунанд; в) пеш аз ид идонаро низ орд мебароранд.
Ба андешаи мо, ин ҷо рамзе ва ботине  пинҳон мебошад. Мусаллам аст, ки дар иди Наврўз тамоми тирчўбҳои хонаи бадахшониро то «чорхона» (болопўшест, ки дар миёнаи он равзани хона қарор дорад) бо орд гулкорӣ мекунанд. Чаро бо орд?
Аввалан, хонаҳои кўҳнаи бобоӣ, тирчўбҳои хона то фасли баҳор, яъне то иди Наврўз аз дуди ҳезум, ки дар оташдон мекарданд, сип-сиёҳ мешуданд ва дар иди Наврўз бо орд онҳоро сафед мекарданд. Дуввуман, сафедӣ (аз ҷумла, сафедии орд) ва рўшноӣ аз нигоҳи маъно ба якдигар мушобеҳ мебошанд, яъне сиёҳии соли кўҳнаро бо орд сафед мекунанд, то  ки зиндагии беҳтаре дар соли нав насибашон гардад. Саввуман, орд рамзи покӣ ва саодат низ мебошад. Вақте  аҳли хонавода вориди хонаашон мешаванд, зан - соҳиби хона ба китфи росташон орд мепошад, ки маънои ҳаёти поку хуш хостанро дорад.
         Ҳанўз аз замони шурўъ ва пайдоиши адабиёт васфи Наврўз ва суннатҳои он чи аз тариқи ашъор ва чи насри бадеию таърихӣ  оғоз гардида, то ба даврони мо омадааст.
Чун Наврўзи оламафрўз дар фасли зеботарини сол - баҳор таҷлил карда мешавад, дар бисёр маврид васфи Наврўз бо баҳор сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки васфи Наврўз аввалан дар осори фолклори мардумӣ мақом пайдо кард ва баъдҳо ба адабиёти китобӣ ворид гардидааст.
Ин рубоӣ дар байни мардуми тоҷик аз давраҳи пештар маъмул аст ва дар ҳама ҷо садо медиҳад:

 

                   Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво наъра зананд ҷумла ба парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Таъкиди ин андеша зарур аст, ки бо тасвири Наврўз ва оинҳои наврўзӣ дар шеър гўяндаи он мақсаду маром ва ҳадафҳои худро иброз мекард. Албатта, мақсаду маром ва нияти наврўзии шоир ҳатман пок буд, чаро ки тамоми оинҳои наврўзӣ ва фалсафаи Наврўз аз сифатҳои покӣ, маърифат, ватандўстӣ, инсондўстӣ, муҳаббат, ахлоқи ҳамидаи башарӣ иборат мебошанд ва касе то ба имрўз дар ҷашни Наврўз дар ҳаққи касе дуои бад накардааст ва нахоҳад кард, ҳазар аз он мекунад, ки дуои бади ӣ ба сўйи худаш бармегардад.
Бубинед, ки одамон дар ҷашни Наврўз холисона, хирадмандона ва бо нияти  пок аз Худо чунин хостор мешуданд ва чӣ орзуи неке ҳаст: 

Эй Худованди замину осмон,
То ба Наврўзи дигар моро расон.

Ин гуфтор низ бозгўкунандаи ин андеша аст, ки таманнои наврўзӣ дар рўзи ҷашн ҳамеша аз рўи садоқат, самимият ва муҳаббат сурат мегирад ва одамон ба якдигар рўзҳои хуши зиндагӣ, рўзгори бофароғатро таманно мекунанд:

Наврўзатон фирўз бод,
Ҳар рўзатон Наврўз бод.

Наврўз аз рўи солшумории пешиниёни мо сари сол, яъне оғози соли нав мебошад ва мардумон ин ҷашнро зеле интизорӣ мекашиданд, чаро ки Наврўз баъди зимистони пурбарфу хунук меомад. Мардумон бо омадани Наврўз шодиҳо мекарданд, ниятҳои нав ба нав мепарвариданд. Дар рўзи ҷашн фақат хушҳолӣ мекунанд, хонаҳои бобоиро, ки аз дуд сиёҳ мешуданд, сафед мекарданд, ҳамдигарро шодбошӣ намуда, рафтагонро ёдовар мегардиданд:

Наврўз, биё, дил аз фараҳ шод кунем,
Ин хона зи дуди  куҳна  озод кунем.
Бар омадагони   ид муборак  гўем,
З-онҳо, ки ба хок рафтаанд, ёд кунем.   

Хеле хурсандиовар аст, ки соли 2012  Наврўз ба қатори ҷашнҳои байналмилалӣ қабул карда шуд ва яке аз сабабҳои ба қатори  ҷашнҳои байналмилалӣ пазируфта шудани он аз ҷониби ташкилоти ЮНЕСКО маҳз ҳамин сифатҳои баланди ахлоқӣ доштани Наврўз мебошад.
Ҳамин тариқ, ҷашни Наврўз то  ба имрўз шукўҳ ва шаҳомати худро дар наслҳо ва ба тавассути наслҳо ҳифз карда, чун яке суннатҳои маъмули мардумӣ муаррифгари миллатҳо ва сарзаминҳост. 

Таҳияи Масрураи  Мирзоҳасан,
Корманди шуъбаи абонименти байни китобхонаҳо