Муроҷиати беш аз даҳ ҳазор нафар ба Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо
Нашр шуд 2019-01-07 13:34
Дар соли сипаришуда ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 10351 нафар истифодабарандагон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 160 нафар хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон 16685 нусха адабиёт ба хона барои истифодаи муаққатӣ дода шуд. Бо воситаи абонементи байни китобхонаҳо 291 нусха адабиёт ба вилояти Суғд, 356 нусха адабиёт ба вилояти Хатлон, 166 нусха адабиёт ба ВАБК ва 1590 нусха адабиёт ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.
Соли гузашта кормандони шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ 1790 нусха китоб дар ҳаҷми 719400 саҳифа нусхабардорӣ кардаанд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона мебошад, ҷойгир карда шуд. 10980 нусха китоби электронӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ тибқи соҳаҳо дар базаи маълумотӣ ва махзани Китобхонаи электронӣ ворид карда шуд.
Толои хониши электронӣ дар як сол ба 141940 нафар хонанда хизмат расондааст, ки дар қиёс ба соли 2017 3709 нафар зиёд аст. Онҳо 425820 маводи электрониро истифода карданд. Аз ин микдор 7204 нафар аспирантҳо, 31562 нафар хонандагони мактаби миёна ва 103174 нафар донишҷўёни мактабҳои олӣ мебошанд.
Сомонаи “Кўдакона”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дастёбии хонандагони то синни мактабӣ омода ва ба истифодаи санҷишӣ пешниҳод карда шуд.
Веб-барномаи “Барўйхатгирии теъдоди хонандагон”-и толорҳои хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дастёбӣ ба шумораи хонандагони толорҳои хониш ба таври онлайн омода ва ба истифодаи санҷишӣ пешниҳод карда шуд.
Домени www.nlt.tj, elib.nlt.tj барои дастрасӣ пайдо намудан ба веб-барномаи Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон дар минтақаи tj ба қайд гирифта шуд. Дизайни нави веб-барномаи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон омода карда шуд ва 190 000 китоби электронӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ ба сервери нав гузаронида шуда мавриди истифодаи хонанда қарор дода шуд. Барномаи таъминотии турникет аз нав дастрас ва насб карда шуд.
Тибқи омори веб-барномаи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2018 зиёда аз 11000 хонандаи маҷозӣ дар дохил аз веб-барномаи мазкур васеъ истифода намуданд. Инчунин бо мактубҳои дархостӣ ба як қатор сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ 12778 нусхаи электронии китоб ва маводи электронии таълимӣ дода шуд. Аз ҷумла: 5036 китоби электронии бадеӣ ва соҳавӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 1608 адад китоби электронии бадеӣ ба Донишгоҳи омўзгории ноҳияи Рашт; 2300 адад китоби электронӣ ба Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 518 адад китоби электронии бадеӣ ба ДДТТ ба номи А.Сино; 2200 адад китоби электронӣ ба китобхонаҳои вилояти Суғд; 462 адад китоби электронии дарсӣ ба Хонаи асрори маънӣ дода шуд.
Барномаи махсуси мутолиаи диссертатсия ва авторефератҳо аз сомонаи диссертатсияҳои китобхонаи давлатии Русия (diss.rsl.ru) дар 20 компютер насб ва пешниҳоди хонандагон гардид.