Ҳудудан 45 миллион маводи чопии Китобхонаи Давлатии Русия
Нашр шуд 2016-04-07 17:33
Китобхонаи давлатии Русия бузургтарин китобхона на танҳо дар ин кишвар, балки дар қораи Аврупост. Ҳатто онро аз калонтарин китобхонаҳои олам меноманд.
Он 19-уми июни соли 1862 дар ҳайати Осорхонаи Румянсев бино ёфта, дар аввалин соли таъсисаш нусхаҳои чопии интишороти ватаниро дарёфт мекард.
24-уми январи соли 1924 ба он номи Ленинро гузоштанд, 6-ми феврали соли 1925 Китобхонаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи В.И. Ленин номида шуд.
Баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва бардошта шудани исми Ленин аз муассисаҳову корхонаҳо, китобхона бори дигар номи Китобхонаи давлатии Русияро ба худ гирифт.
Аввалин нусхаҳои чопӣ китобҳое буданд, ки осорхонаи Румянсев дар худ дошт. Тибқи иттилои дақиқ он замон бештар аз 28 ҳазор китоб ва 710 дастнавис дар ихтиёри ин осорхона буд, ки ба китобхона интиқол ёфт.
Моҳи январи соли 2013 эълон шуд, ки ҳоло дар китобхона 44,8 миллион нусха маводи чопӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла 18 миллион адади он китобҳо, 13,1 миллион адад маҷаллаҳо, 697,2 ҳазор маҷмуъи рӯзномаҳо бо 367 забони оламиён, 374 ҳазор дона нотаҳои мусиқӣ, 152,4 ҳазор дона харитаҳои гуногун, 2,3 миллион дона навъҳои махсуси нашрияҳои техникӣ, 1038,8 ҳазор дона диссертатсияҳои илмӣ, 41,7 ҳазор асноди электронӣ ва ғайра мебошад.
Бештар аз 300 ҳазор дона китобу нашрияҳо, ки нигоҳ дошта мешаванд, нусхаҳои нодир мебошанд. Дар хазинаи ин китобхона метавон дастхатҳои Гогол, Тургенев, Чехов, Блок, Булгаков барин чеҳраҳои маъруфи адабиёти русро пайдо кард.
Фактҳои ҷолиби википедӣ:
Китобхонаи давлатии Русия ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.