Семенари илмӣ-таълимии «Нури Ваҳдат» дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2016-06-18 19:50
Семинари илмӣ-таълимии “Нури ваҳдат” субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз шахсиятҳои маъруф ва пажуҳишгарон баргузор шуд.
Салима Раҷабова, ҷонишини Директори Китобхона дар сухани ифтитоҳии худ аз силсилачорабиниҳои ин боргоҳи маърифат бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ёд кард ва гуфт, ёде аз он рӯзҳое, ки миллатро ба вартаи ҳалокат мебурд, вале аз худгузаштагиҳои фарзандони фарзонаи он, ба вежа Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзои паймони сулҳ онро наҷот бахшид, хеле муҳим аст.
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Аскар Ҳаким як даста шеъҳои тозаи худро дар васви Ватан, Миллат, Ваҳдат, баҳор ва ишқ қироат намуд ва ҳозиронро ба муносибати фаро расидани ин рӯзи сарнавиштсоз муборакбод кард.
Баъдан маърўзаи сардори шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар Нуқра Аҳмедова дар мавзўи «Нақши Ваҳдат дар таҳкими фарҳанги миллӣ» суханронӣ кард ва гуфт ин Ваҳдат ва суботу амният буд, ки ба рушди фарҳанги миллат мусоидат кард.
Ҷамолидин Саидзод – адабиётшинос, ходими калони Институти забон ва адабиёт дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ ва истиқлолият» суханронӣ намуд ва гуфт, ки ин ду аслан тавъаманд. Истиқлолияти мо дар аввалин солҳои худ дучори хатар шуд ва ҳамин Ваҳдат онро дубора наҷот дод.
Моҳира Бахшова,Сардори шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо аз арзёбии сиёсатмадорони олам дар мавриди сулҳи тоҷикон ҳарф зад.
Дар семенар беш аз 60- нафар кормандони Китобхонаи миллии Точикистон ва аспиранту унвонҷўёни Академияи илмҳои Точикистон ширкат ва атрофи мавзуъ табодули афкор намуданд.