Онлайн-конфронси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Русия.

Китбхонаи миллии Тоҷикистон хостори таҷдиди назар дар нархномаи пешниҳодии табодули китоб аз ҷониби Китобхонаи давлатии Русия шуд.

Рӯзи 7 – уми сентябр миёни Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи давлатии Русия дар мавзуъи «Пешниҳоди  хизматрасонӣ  оид ба абонементи  байни  китобхонаҳо  ва дастрасии ҳуҷҷатҳои электронӣ» онлайн-конфронс баргузор гардид. Ташкилкунандаи асосии Конфиронс Маркази фосилавии хизматрасонӣ  ва маркази иттилоотии абонементи байни китобхонаҳои  давлатии  Русия ва ИДМ ва Намоишгоҳ –ярмаркаи байналмилалии Москав буд.

Мутасаддиён баргузории ин конфронс аз ҷониби Китобхонаи миллӣ шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ буданд.

Дар Конфронс муовинони директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ва Салима Раҷабова ширкат ва суханронӣ карданд. 

Асосан масъалаҳо оид ба  фаъолияти  системаи абонементи байни китобхонаҳо дар Федератсияи Русия, кишварҳои аъзои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил барарсӣ шуданд.

Дар доираи  Конфиронс саволу ҷавоб доир ба таҷрибаи кории китобхонаҳо тавассути шабакаи интернетӣ гузаронида шуд. 

Дар ҷараёни чорабинӣ тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳои имконияти техникаи замонавӣ барои паҳн намудани таҷрибаи пешқадами китобдорӣ, зиёд кардани муомилоти мубодилаи электронии  адабиёти дархостшуда, васеъ гардонидани ҳамкориҳои  байни китобхонаҳо мусоидат менамояд.

Намояндагони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд, ки нархномаи пешниҳодкардаи Китобхонаи давлатии Русия мувофиқи дархости истифодабарандагон аз тарафи шуъбаи АБК ба қадри имкон паст гардад, зеро гаронии нархи адабиёт бисьёр мушариёнро қонеъ  намегардонад ва ин боиси кам шудани мубодилоти электронии байни китобхонаҳо мегардад.

Инчунин пешниҳод шуд, ки таҷрибаи пешқадами  китобхонаҳои  абарқудрати Русия ва  ИДМ  тариқи воситаҳои шабакаи электронӣ пурсамартар гардад ва маълумотҳои китобхонашиносӣ – библиогирафӣ ба таври маълумотнома  (китобчаҳои алоҳида ) ҷо дода шаванд.

Пешниҳодҳо пазируфта шуданд ва онҳо баррасӣ мешаванд ва баъдан аз натиҷааш хабар дода мешаванд.

Ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки ин гуна табодули афкор барои таҳкими равобити дуҷонибаву бисёрҷониба хеле муфид аст ва он муттасил гузаронида шавад. 

Моҳира Бахшова,
Сардори шуъбаи  АБК