Соли наватон муборак !!!

Соли Нав ба ҷумла дӯстон, алоқамандон, азизон, хонандагони муҳтарами Китобхонаи миллӣ муборак бошад.
Беҳтарин хушиҳои зиндагиро дар ин сол бароятон таманно дорем.
Соли нав бигзор соли нусрат, сериву пуррӣ, комёбӣ, зафар ва муваффақият бошад.

Рустам Ваҳҳобзода

СОЛИ НАВ

Пок чун домони Марям
Дашту саҳро,
Пар кушода кафтарони барф
Аз кафи дасти Масеҳо.
Шаҳр дар озини симин аст,
Сарви майдон зери бори меваи шодоби заррин аст.
Моҳ гӯё байза бинҳода,
Дар таҳи арча –
Дар сари ҳар чорсӯ – як хирман афлесун.
Бӯйи арча бӯйи афлесун
Медамад то осмон афсун,
Ёдҳои кӯдакиву навҷавониро
Зинда месозад ба дилҳо.
Ҷашни Мелод аст, ё Эҳё?
Пеш аз ин раҳгузар аз раҳгузар гугирд мепурсид,
Ҳолиё пурсад:
«Бародар, барқ доред?».
Ҳиммат олӣ,
нуктадонем,
Барфро дар дафтари анбори кӯҳистон
Барқ мехонем,
Қалбҳо чун чархаи неру,
Қалбҳо дар синаи дарёст.
Соли нав дар асл танҳо як баҳонаст,
То бигӯйӣ ҳамдилеро, ки «сарат сабзу саломат бод!».
Соли нав дар асл танҳо як фасонаст,
То ҳақиқатхастагон ҷӯянд аз афсона имдод…
Ҷомро лабрез кун аз нури бовар,
Лаҳзаҳо дар ҷовидон ҷорист.
Гӯш деҳ, дар озарафшон шарфаҳои пойи Наврӯз аст -
Занги ҳушёрист

Мухтор Боқизода

Рӯзу шабро кӯр кардем,аз умри мо як сол рафт,*
Дарду ғамро гӯр кардем, шодӣ ҳам дунбол рафт.
Бар саманди вақт маҳмез задем, ки дав бигир,
Айшу ишрат ҷӯр кардем, бахти хушиқбол рафт.
Соли пору соли диро, ки будан аз умри мо,
Барҳаддар дур кардем, хубии аҳвол рафт.
Соҳили дарё нишастему надонистем, дареғ
Оби софаш шӯр кардем, лаззати сафол рафт.
Муфтхӯрӣ шуд шиори иддаи ишратпараст,
Мо назар бар мӯр кардем, некии аъмол рафт.
Бар шитобу даргузашти зиндагӣ дӯхтем назар,
Хешро ранҷур кардем, умр ба дин минвол рафт.
Бо фараҳ гуфтем бо ҳам:Бодо муборак соли нав!
Мо қадаҳ пур кардем,лек умр аз ғирбол рафт.

Соли нави 2018 муборак бошад!!!

Боз омад ба дари мо соли нав.
Боз омад бахти нав иқболи нав,

Боз омад соли неку фоли нек.
Боз омад шури нав бо боли нав,

Лек соле аз ҷавонӣ рафт, рафт,
Њам шубобу зиндагонӣ рафт, рафт.

Бар дар омад «Барфак» –и ҷомасапед,
Њамрањи «Бобои барфӣ» бо умед.

Сайфура Искандарова,
мутахассиси шуъбаи АБК