15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйирот ворид намуд,ки тибқи он 16- уми ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад.
Интихоби санаи мазкур рамзист, чунки маҳз аз 16- ноябри соли 1992 , яъне рўзи интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар Иҷлосияи XYI Шўрои Олӣ фаъолияти наҷотбахши давлатии он кас оғоз ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Рахмон аз рўзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шуданашон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, яъне хотима сохтани ҷанги бародаркушӣ, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеъа баргардонидани гурезаҳо, азнавсозии низоми дадлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ишғоли ҷойи муносиб дар арсаи байналмилалиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуданд.
Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рўзҳои кори Иҷлосияи XYI –ум таъкид намуданд, ки «Тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем».
Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи XYI Шўрои Олӣ ташаббуси бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зербинои кохи бегазанди сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон гузошта шуд.
Имрўз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун наҷотбахши давлату миллат , кафили сулҳу ваҳдат , эътироф кардааст ва месазад, ки бо хизматҳои шоёни Сарвари муаззами хеш арҷ гузорем, барои пешрафти минбаъдаи давлату давлатдории Тоҷикистони азиз ҳар яки мо саҳмгузор бошем.
Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XYI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми ҳамватанон муборак бошад !
Сайфура Искандарова,
мутахассиси шуъбаи АБК