Дар як сол ба шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо 7 ҳазору 832 нафар муроҷиат кардаанд

Соли 2016 ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 7832  нафар  истифодабарандагон  муроҷиат намуданд, аз онҳо 397 нафар  хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон  1512  нусха  адабиёт  ба  хона барои  истифодаи  муваққатӣ  дода  шуд. Бо  воситаи  абонементи  байни  китобхонаҳо   120   нусха  адабиёт  ба  вилояти  Суғд,  164  нусха  ба вилояти  Хатлон,  84 нусха ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва 750 нусха  ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ирсол шуд.
Дар ин давра аз ҷониби шуъбаи абонемети байни китобхонаҳо  мизи мудаввар бо иштироки унвонҷўён ва олимони ҷавон дар мавзўи «Ҷанбаҳои байналмилалии ҷаҳонишавии Наврўз», семинари илмӣ-таълимӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Нури Ваҳдат” ва ҳамоиши илмӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони “Китоб рукни тамадунҳои миллӣ” гузаронида шуд, ки  дар онҳо  зиёда аз 250  нафар иштирок карданд.
Дар шуъба бахшида ба мавзўъҳои «Сарбози Ватан»,  «Накҳати Наврўзи 2016», “Эмомалӣ  Раҳмон-Пешвои миллат” ва “Истиқлолият - бахти миллат” намоишҳои китобҳои тозанашр баргузор гардид.