Саидалӣ Вализода-аз маъруфтаринҳо миёни шоирони халқии замони Тоҷикистони Шӯравӣ

Аз миёни шоирони мардумии замони Тоҷикистони сотсиалистӣ касе ба ҳадди Саидалӣ Вализода ва Юсуф Вафо миёни мардум маъруфият надоштанд. Шеърҳои равони иншошуда бо сабки халқӣ ба зудӣ аз бар мешуд. Ин буд, ки аксари ашъори онҳо аз даҳон ба даҳон мегузашт. Бахусус, шеъи “Ленин бародар раҳнамо”-и Вализода шуҳрати бештар дошт ва онро ҳатто ҳофизони маъруф ҳам месароиданд.

Саидалӣ Вализода шоир ва ҳофизи халқии тоҷик 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ҳозира ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Артисти Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (соли 1945), Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (соли 1960).

Пеш аз Инқилоби Октябр чоряккорӣ мекард. Баъди ғалабаи инқилоб дар кори ташкил ва мустаҳкам намудани сохти колхозӣ фаъолона иштирок кардааст. Дар ибтидо чун ҳофиз маъруф гардида, матни бештари сурудҳояшро худаш менавишт. «Деҳқонони ҷабрдида» (1917) аз ҷумлаи аввалин сурудаҳои ўст.

Хусусан матни суруди «Ленин – бародар, раҳнамо» (1922) ба Вализода чун шоир шуҳрат овард. Мубориза ба муқобили босмачиён ва боқимондаҳои замони куҳна, васфи сохти колхозӣ, бартариҳои ҳаёти сотсиалистӣ – мундариҷаи ашъори солҳои 20 ва 30 Вализодаро ташкил додаанд.

Аз эҷодиёти давраи ҷангии Вализода достони «Қаҳрамон Саидқул Турдиев» бештар шуҳрат дорад. Дар эҷодиёти солҳои баъдиҷангии Вализода оҳангҳои халқӣ бештар бо анъана ва хусусиятҳои назми хаттӣ қаробат пайдо кардаанд. То имрўз «Таронаҳо» (соли 1949), «Нозими Ватан» (соли 1953), «Дар водии меҳнат» (соли 1955), «Ду додарон» (соли 1960), «Шеърҳо ва достонҳо» (соли 1965), «Ошиқи баҳор» (соли 1970), «Чашмаи илҳом» (соли 1971, тарҷумаи русии ашъори мунтахаб) барин китобҳои Вализода ба табъ расидаанд.

Соли 1943 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШC шуд.

Вализода бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо, Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

12 декабри соли 1971 дар шаҳри Кўлоб аз олам чашм пўшид.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С. 578.

Муаллиф С. Чалишев

Дар Китобхонаи миллӣ аз эҷоди Саидалӣ Вализода ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед бихонед:

Осор

Таронаҳо. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1949. – 107 с.

Нозими Ватан. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1953. – 19 с.

Дар водии меҳнат. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1955.

Пайванди ҷон: Асарҳои мунтахаб. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 240 с.

Ёдоварӣ: Шеър // Роҳи ленинӣ. – 1983. –7 ноябр.

Муборак: Шеър // Роҳи ленинӣ. – 1984. – 6 декабр.

Ленин – бародар, раҳнамо: Шеър // Роҳи ленинӣ. – 1984. –15 декабр.

Рўзи гузашта: Шеър // Нидои ранҷбар. – 1994. – 21-27 январ.

То кай кашем ҷафо: Шеър // Ҷумҳурият. – 2002. – 18 май.

Хуҷандизанак; Ояндаи Тоҷикистон: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 22 июл.

Дар бораи ин шахсияти маъруф

Чалишев, С. Сайдалӣ Вализода: Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ў / Муҳаррири масъул Р. Амонов. – Душанбе: Ҷамъияти «Дониш»-и РСС Тоҷикистон, 1970. – 39 с.

Аз хушгўиҳои Сайдалӣ Вализода // Нидои ранҷбар. – 1994. – 6 январ.

Мункӣ, А. С. Давоми анъана: Дар бораи шоир Саидалӣ Вализода // Ҷумҳурият. – 2000. – 11 ноябр.

Вализода, Х. Ташнагии висол: Ё таърихи як шеъри ошиқонаи Сайдалӣ Вализода // Ҷумҳурият. – 2005. – 8 март.

Мункӣ, А. С. Чу Вализода касе базм наёрост ҳанўз…!: Ба истиқболи 110-солагии Сайдалӣ Вализода // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 1 июл.

Сўфизода, А. Ёди шоири достонсаро ва ҳаҷвнигор: Ба ифтихори 110-солагии зодрўзи Сайдалӣ Вализода // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 7 октябр.

Ғулом, И. Писархонди Вализода: Ёде аз Сайдалӣ Вализода // Шарқи озод. – 2012. – 2 феврал.

Вализода, Х. Қисмати шоир: Ба истиқболи 115-солагии шоир ва ҳофизи халқ Сайдалӣ Вализода // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 20 ноябр.

Машъали мо ба миён буд Вализодаи мо: Хотираҳои Н. Маъсумӣ, М. Қаноат, Х. Вализода, Р. Амонов ба ифтихори 115-солагии шоири халқи тоҷик Саидалӣ Вализода // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 15 октябр.

Ҳабиб, П. Бо хотири ў шод анҷумани мо буд: 15 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди шоири маҳбуб Саидалӣ Вализода баргузор шуд // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 22 октябр.

 

Таҳияи Истампулод Ормонов,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ