Нақиб Саид (1930-1992)

 Журналист Нақиб Саид умри дароз надид. Дар синни 62-солагӣ тарки олам кард. Яке аз рӯзноманигорони пурталош буд.Хуб менавишт, барои иншои мақолаҳояш мавзӯъҳои ҷолибро интихоб мекард. Ва шеър ҳам менавишт ва осораш дар чандин маҷмӯъаҳои дастаҷамъӣ интишор ёфтаанд.

 Шоир, ашъораш содаю равон ва оҳангдор аст, дар шакл ба осори классиконамон пойбанд буд, бештар ба мавзўъҳои замонавӣ таваҷҷўҳ мекард. Шеърҳояш дар маҷмўаҳои «Риштаборон», «Ҳуснобод», «Одамони соҳибиқбол» гирд омадаанд, шеърҳои бачагонааш дар китоби «Ҷангали булбулон» нашр шудаанд. Солҳои 1956-1965  ба ҳайси мухбири радиои тоҷик дар води Зарафшон хидмат намудааст.

 Бозчоп аз: Хоҷазод, С. Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.  – Душанбе: Шуҷоиён, 2009. – С. 373-374.

 Аз Нақиб Сайи дар Китобхонаи миллӣ ин ашъораш қобили дарёфт аст:

 Одамони накўиқбол. – Душанбе: Ирфон, 1991. – 352 с.

Чилчашма: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1990. – 80 с.

Ёрии Каримҷон: Шеър аз материалҳои конкурс // Пионер. – 1953. – №7. – С. 12.

Хоҳарчаи ман: Шеър// Пионер. – 1954. – №5. – С. 7.

Тўҳфа ба иди халқҳо: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1959. –  1 май.

Тоҷикистон шод бош!: Шеър // Маориф ва маданият. – 1959. – 17 октябр.

Дар васфи Ватан: Шеър // Ўзбекистони Сурх. – 1960. – 6 июл.

Санъати зебои мо: Шеър // Машъал.  – 1961. – №5. – С. 20.

Дилбари вафодор шавӣ. Ба духтари гулдўз: Аз шеърҳои лирикӣ  // Тоҷикистон. – 1961. – №7. – С. 11.

Қудрати ҷавонии мо: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1962. – 24 январ.

Аспаки меҳрубони ман: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1963. – 20 январ.

Саодат: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1964. – 17 январ.

Паймони дигар: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1965. – 17 январ.

Гулҳои ҳуснобод: Шеър // Маориф ва маданият. – 1969. – 20 феврал.

Раққоса: Солисткаи ансамбли «Лола» Шарофат Рашидова // Занони Тоҷи-кистон. – 1969. – №6. – С. 16-17.

Ба фарзанд: Шеър // Роҳи коммунизм. – 1975. – 1 март.

Анзоб; Ба пахтакор: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 23 ноябр.

Суманак: Шеър аз илҳоми Наврўзӣ //Комсомоли Тоҷик. – 1988. – 20 март.

Рубоиҳо: Ҳаҷвӣ //Хорпуштак. – 1988. – №8. – С. 6.

Сайёраи хурдакаки сабз: Ҳикояи фантастикӣ // Илм ва ҳаёт. – 1989. – №2. – С.  22-27.

Фалакхонӣ кунад дунёи Хатлон: Шеър //Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 23 апрел.

Расво шуд: Шеър // Хорпуштак. – 2017.  –  №4. –  С. 11.

Таҳияи Манижа Раҷабова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ