Савриниссо Сайидова аз ҷумлаи собиқадорони Китобхонаи миллист, ки муддати сӣ сол сарпарастии як шуъбаи муҳимро ба уҳда дошт ва имрӯз бознишаста буда, давлати пирӣ меронад.
Савриниссо Сайидова 25-уми апрели соли 1953 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Соли 1971 ба факултаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1975 бо муваффақият хатм кардааст.
Баъди анҷоми таҳсил бо роҳхати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад ва муддате дар намоишномаҳои зиёде нақшҳо офарид. Вале баъдан муҳаббати китоб ӯро аз театр ба китобхона овард ва 8-уми октябри соли 1986 мудири бахши билиографияи миллӣ таъин гардид.
Муддати тӯлонӣ кор кардан дар як шуъба муҷиби он шуд, ки дар баробари корҳои хизматрасонӣ ба муштариён, созмон ва таҳрири дастгоҳи маълумотдиҳии Шуъба (феҳрист ва картотекаҳо), кор бо хазинаи Шуъба ва омода намудани дастурҳои библиографӣ дар якҷоягӣ бо ҳамкоронаш ҳисса гузошта, дар маҷмуаҳои тахассусӣ ва маҷаллаву рӯзномаҳо мақолаҳои зиёде таълиф ва чоп кард.
Савриниссо Сайидова соҳиби се фарзанд ва 8 набера ҳастанд. Фарзанди калониашон Шаҳбоз Муҳаммадҷонов ба корҳои тиҷорат машғул аст. Бахтиёр корманди Вазорати корҳои хориҷӣ буда, ҳоло дар Амрико маъмурияти хизматӣ дорад. Мирзо бошад коргардон ва танзимгари барномаҳо дар шабакаи телевизионии “Баҳористон” аст.
Рӯзе қабл зумрае аз кормандони Шуъбаи библиографияи миллӣ бо сарварии мудири феълии ин Шуъба Наргис Валиева ба аёдати Савриниссо Сайидова рафтанд. Дар остонаи Рӯзи модар аз ҳоли ӯ хабар гирифтанд.
Аёдати ҳамкор ва устод барои шогирдон дар ин шуъба анъанае некест.