Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ...
Ҳафтод сол пеш Дӯстмурод Алиев ба дунё омад ва сивуяк сол пеш ҷамъи моро тарк гуфт. Умри дароз надид, ҳамагӣ 39 сол зист. Вале дар ҳамин умри кутоҳ осори ҳунарие аз худ боқӣ гузошт, ки то миллат ҳаст, аз хотираш зудуда намешавад. Ӯ дар самои ҳунари овозхонии тоҷик чун ситора яке бидурахшиду зуд нопадид гардид. Мувофиқи талаби мусиқию суруд аз садопардаҳояш лаҳни форам меҷусту дармеёфт. Саргарми шўҳрати барвақтӣ нашуд, самимӣ месароид ва овози ширадораш дилҳоро тасхир мекард, чунин овозу чунин истеъдод кам ба вуҷуд меояд.
Алиев Дўстмурод 19 – уми апрели соли 1950 дар деҳаи Муллобароти ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети маданию маърифатии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон (1974). Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1979). Солҳои 1974-1975 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Ба сифати роҳбари бадеии дастаи сарояндагони хонаи маданияти ноҳияи Файзобод фаъолият доштааст.
Дар самои ҳунари овозхонии тоҷик чун ситора яке бидурахшиду зуд нлпадид гардид. Мувофиқи талаби мусиқию суруд аз садопардаҳояш лаҳни форам меҷусту дармеёфт. Саргарми шўҳрати барвақтӣ нашуд, самимӣ месароид ва овози ширадораш дилҳоро тасхир мекард, чунин овозу чунин истеъдод кам ба вуҷуд меояд.
Дўстмурод Алиев мусаннифи зиёда аз шаст суруд, амсоли «Забонам даргирифт», «Гулбарги рўи ман», «Гуру қиёмат», «Бути шўхушангам», «Чашми тоҷик», «Оғози ишқам», «Чаро шабҳо нишинам?», «Моҳи Файзобод», «Дар миёни маҳфиле», «Дунёро бин», «Ба Файзобод мерафтӣ», «Агар тирам ба сар борад», «Бимон ман сўзаму…», «Нигори қашангам», «Бе гушнагии рўят» аз худ ба мерос гузошт, ки ҳамагӣ хазинаи мусиқиамонро ғанитар гардонданд. Асоси репертуари ўро мавзўъҳои мухталифи замони мо доир ба васфи Ватану меҳнат, диёри хушманзар, фидокориҳои мардуми шуҷоатманди мо, тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.
Дўстмурод Алиев чун устодон Зафар Нозимов, Нигина Раупова ҳофизи нотакрор буда, мактаби сарояндагии хушро пайдо кард ва шогирдону пайравонаш бисёриҳо бо услуби ў месароянд.
Соли 1990, баъди як соли фавти Дўстмурод дар Файзобод нахустин маҳфили «Дўстмуродхонӣ» ташкил шуд, ки пайравонаш аз Қубодиёну Қумсангиру Кохозобод аз Кўлобу Вахшу Норак ва дигар гўшаҳои Тоҷикистондар ин маҳфил иштирок намуданд. Дар ноҳияи Файзобод мактаби санъати ноҳия ва як ҷамоати деҳот номи Дўстмурод Алиевро доранд.
Нимпайкари сароянда дар зодгоҳаш дар деҳаи Кабкрез гузошта шудааст. 16 апрели соли 1989 аз олам чашм пўшидааст.
Дар бораи ҳунарманди нотакрор дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Шарифзода, У. Азизон булбулам зери кафан кун: Шеър ба хотири шодравон Дўстмурод Алиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1990. – 18 апрел.
Дарвозӣ, Х. Ҳиҷрати кабки равӣ: Шеър ба шодравон Дўстмурод Алиев // Набзи Файзобод. – 1991. – 17 апрел.
Муъмин, Ҷ. Ҳамоҳангии чашмаи Маҳҷон: Ёде аз ҳофизи Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дўстмурод Алиев // Ҷумҳурият. – 2004. – 17 апрел.
Саидзода, Ҷ. Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ: Ба ифтихори ҷашни 55-солагии Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Дўстмурод Алиев // адабиёт ва санъат. – 2015. – 14 апрел.
Файзов, С. Бимон ман сўзаму ту дар амон бошӣ: Ёде аз ҳофизи Халқии Тоҷикистон Дўстмурод Алиев // Садои мардум. – 2005. – 26 январ.
Мўъмин, Ҷ. Дар марги ў ҳофизи туркман гирист: Ба ёди Дўстмурод Алиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2017. – 18 апрел.
Мўъмин, Ҷ. Риштаи аёдат ба се макон мебарад: Ба ёди Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Дўстмурод Алиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2011. – 14 апрел.
Мўъмин, Ҷ. Ёдҳои гўё аз Дўстмуроди Зиндаёд: Аз ҳаёт ва фаъолияти Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Дўстмурод Алиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2012. – 18 апрел.
Ёде аз рўзгори Дӯстмурод Алӣ
Танбўри ту сар ба синаам зор гирист,
Дар синаи ман ҳазору як бор гирист.
Ёди ту ба хайр бод,эй Дўстмурод,
Аз баъди ту дар гирист, девор гирист.
БозорСобир
Сароянда, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дўстмурод Алиев 19-уми апрели соли 1950 дар деҳаи Муллобароти ноҳияи Файзобод дар муҳити фарҳангӣ чашм ба оламиҳастӣ кушодааст. Дўстмурод бо зебоии баҳорон ба дунёи гулистон омаду дар ҳам ин фасл бо навои аламу дар дили ёрону дўстонаш ин дунёро тарк намуд.
Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро соли 1974 бо мувафақият хатм намуд. Баъди ба итмом расонидани донишгоҳ ба ҳайси роҳбари бадеии дастаи сарояндагони хонаи маданияти н. Файзобод ба фаъолият пардохта аст. Дар самои ҳунари овозхони тоҷик чун ситора яке бидурахшиду зуд нопадид гардид.
Мувофиқи талаби мусиқию суруд аз садопардаҳояш лаҳни форам меҷусту дар меёфт. Саргарми шўҳрати барвақтӣ нашуд, самимӣ месароид ва овози ширадораш дилҳоро тасхир мекард, чунин овозу чунин истеъдод кам ба вуҷуд меояд.
Суруд Дўстмурод шабеҳи садои рўҳбахши наҳру чашмасорон, нағмаи мурғони хушилҳом,мавҷи чашмгири ғаллазорониТоҷикистон аст.
Овози ў аз умқидил ширадор мебарояду гўшнавозонаю ширин бадилҳо медарояд.
Дўстмурод Алиев сурудҳои зиёде эҷод намуда пешкаши мухлисон гардонида аст. Ҳар суруде ,ки ў месароид ҳазорҳо дилҳоро шод мегардонид,чун ки суруди сароидаи ў аз таҳти дил ва бо меҳру муҳаббат сароида мешуд.
Сурудҳояш бо номи «Забонам дар гирифт», «Гулбарги рўи ман», «Гуру қиёмат», «Бути шўху шангам», «Чашми тоҷик», «Оғози ишқам», «Чаро шабҳо нишинам?», «Моҳи Файзобод», «Дар миёни маҳфиле», «Дунёро бин», «Ба Файзобод мерафтӣ», «Агар тирам ба сарборад», «Бимон ман сўзаму…», «Нигори қашангам», «Бегушнагии рўят» ва ғайра мебошад.
Дўстмурод Алиев умри дароз надид, вале дар умри кўтоҳаш барои халқу миллаташ хизмати арзанда кард.Ў дар боғи пурғановати санъати тоҷик ҳамчун дарахти хушбўю сербор боқӣ монд.Аз марги ў сиву як сол гузашта бошад ҳам, сурудҳояш то ба имрўз дилҳоро таскину гўшҳоро навозиш медиҳад.
Сулҳия Иброҳимова
мутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ