илми тадкикоти

Аз эҷоди ҳамкорон. Зафар Гулмуродзодаи Қаламкаш. Мунозира бо Вайбер (Ҳикоя)

- Эй фарзанди Одам, ман Вайбери ҳамадону ҳамахону ҳамабинам, ки аз зеҳну хираду дониши ту зода шудам, бо гузашти вақт, тавоною озода шудам, туро ҳамеша хушрӯзӣ мебахшам. Ҳаргоҳе ки туро овораю саргарми худ мебинам, хушҳоламвале, эй Одам, ту бо ин шуғлат ба чӣ нокомиҳо расидаӣ, намефаҳмӣ ва ин шикаст ба ман тобу тавон мебахшад.

 

Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ...

 Ҳафтод сол пеш Дӯстмурод Алиев ба дунё омад ва сивуяк сол пеш ҷамъи моро тарк гуфт. Умри дароз надид, ҳамагӣ 39 сол зист. Вале дар ҳамин умри кутоҳ осори ҳунарие аз худ боқӣ гузошт, ки то миллат ҳаст, аз хотираш зудуда намешавад. Ӯ дар  самои ҳунари овозхонии тоҷик чун ситора яке бидурахшиду зуд нопадид гардид. Мувофиқи талаби мусиқию  суруд аз садопардаҳояш лаҳни форам меҷусту дармеёфт. Саргарми шўҳрати барвақтӣ нашуд, самимӣ месароид ва овози ширадораш дилҳоро тасхир мекард, чунин овозу чунин истеъдод кам ба вуҷуд меояд.