Рӯзе, ки шеър бар лаб аст....
Нашр шуд 2017-05-20 16:34
Имрӯз, ду абаршоир, устодони назми муосир, ду шаҳсутуни шеъри миллат-Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат зодрӯз доранд. Ҳар касе бо шабакаҳои иҷтимоӣ иртибот дорад, мебинад, ки даҳҳо тан аз ашъори ин ду шоири мумтоз пораҳо мегузоранд ва атрофи шеърҳо баҳс мекунанд. Рӯзест, ки ҳамагон аз шеър сухан мегӯянд, аз зиндаёд Лоиқ Шералӣ ёд мекунанд, ба Муъмин Қаноат табрикот ирсол мекунанд.
Шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ низ бахшида ба ин рӯз намоиши китоби ин ду шаҳсутуни адабиёти муосирро роҳандозӣ кардааст, ки дар он бештар аз 30 номгӯ китобҳои Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат, ки дар солҳои гуногун рӯйи чоп омадаанд, гузошта шудааст.
Хоннадагон дар толори хониши ин шуъба имкон доранд бо китобҳои Муъмин Қаноат “Суруши Сталинград”, “Қудрати ҷонофарин”, “Гаҳвораи Сино”, “Шарора”, Оинаи беғубори ман”, “Аз Бесутун то кунун”, “Сарҷӯи сабз”, Ситораи Исмат”, “Китоби захмин,, “Корвони нур”, “Достони оташ” ошно шаванд.
Ҳамзамон аз Лоиқ Шералӣ китобҳои “Куллиёт” ҷилдҳои 1 ва 2, “Фарёди бефарёдрас”, “Девони замон”, Мунтахаби ашъор”, “Рӯзи сафед”, “Саду як ғазал”, Ману дарё”, “Аввалу охири ишқ”, “Хонаи дил”, “Хонаи чашм”, “Марди роҳ”, “Стурны дождя», “Завещенная земля”, “Ангораҳо”, “Офтобборон” – ва дигарҳоро варақ зананд, аз онҳо шеъру рӯбоиву дубайтиву ғазал бихонанд.